Соли 2018 дар ноҳияи Исфараи вилоти Суғд фаъолияти 56 масҷиде, ки “ғайриқонунӣ”, “бидуни иҷозат” ё “риоя накардани қавоиди беҳдоштӣ” амал мекарданд, манъ карда шудааст. Дар ин бора раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода дирӯз, 29.01 дар нишасти хабариаш иттилоъ дод.
Ӯ гуфт масҷидҳои басташуда ба марокизи фарҳангӣ, боғчаи бачагон, бунгоҳҳои тиббӣ, чойхона ва ғайра табдил дода шудаанд.
“Ҳамагӣ дар шаҳри Исфара ва ҷамоъатҳои он 112 масҷид фаъолият мекунанд, аз ҷумла як масҷиди марказӣ, 11 масҷиди ҷумъахонӣ ва 100 масҷиди панҷвақта” — изҳор дошт шаҳрдори Исфара.
Айни ҳамин рақамҳоро соли гузашта раиси собиқи ноҳия Дилшод Раҳимзода буд. Тибқи гуфтаи Раҳимзода дар натиҷаи манъи фаъолияти 45 масҷид дар ноҳия 112 адад боқӣ мондаанд.
Як сол баъд, раиси нави ноҳия аз баста шудани 56 масҷид гузориш медиҳад ва дар ҳоле, ки давоми сол дар ноҳия ягон масҷид сохта нашудааст, шумори масҷидҳои боқимонда тағйир намеёбанд.
Омори дурӯғ дар бораи масоҷид танҳо ба ҳокимони ноҳияи Исфара хос нест. Як Паём нишон дода буд, ки омори пешиниҳодшаванда аз тарафи мақомоти Тоҷикистон дар бораи масоҷид сартопо дурӯғ аст.
Барои мисол, соли 2012 хабари баста шудани садҳо масҷид расонаӣ шуд. Новобаста аз ҳама ин масҷидбандиҳо ва барҳам додани фаъолияти муассисаҳои динӣ, Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш соли 2013 эълон кард, ки теъдоди масҷидҳо дар кишвар ба расидааст, ки ин нисбат ба гузориши дар моҳи майи соли 2011 додаи Абдураҳим Холиқов 262 адад масҷид зиёд мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат кушодашавии ҳеҷ масҷиде расонаӣ нашудааст.
Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, санаи 31 июли соли 2015, зимни ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 32 масҷид баста шуда, биноҳои онҳо барои истифода ба сифати ҷойҳои ҷамъиятӣ ё марказҳои фарҳангу фароғат қарор дода шуданд.
Теъдоди масҷидҳо ва муассисаҳои диниро прокурори генералӣ дар ин нишасти хабарияш эълон кардааст, ки аз ин 72-тоаш иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ ва як ҷамоаи динии ғайри исломӣ мебошанд. Яъне, бино ба маълумоти прокурори генералӣ дар соли 2015 агар теъдоди муассисаҳои динии ғайриисломиро ба назар нагирем, теъдоди масҷидҳо ва муассисаҳои динии исломӣ 4016 адад дониста мешавад. Ин адад аз нишондоди соли 2013, омори ду соли пеши Кумитаи дин, бо вуҷуди он, ки дар худи 6 моҳи аввали ҳамин сол, тибқи омори расмӣ 1032 масҷид баста шудааст, 34 адад зиёд мебошад.
Дар ин миён як сол мегузарад ва соли 2016 фаро мерасад. Дари садҳо масҷиди дигар баста мешавад. Даҳҳо масҷидро бо трактору булдозер дар ин сол ба хок яксон мекунанд. Дар худи вилояти Суғд бино ба омори расмӣ зиёда аз 100 масҷид баста шуд. Дар моҳи январи соли 2016 мақомоти Тоҷикистон , дар шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи 1500 масҷид 900 адади он баста шудаанд.
Давоми 6 моҳи аввали соли 2016 тибқи гузориши Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти қатъ шуда буд.
Аммо 13 июли соли 2016 Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ , ки дар ду соли охир 1032 масҷид баста шуда, боз ҳамон теъдод 4089 адад муассисаҳои динӣ боқӣ мондаанд.