Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, фаъолияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро дар шаш моҳи аввали соли 2025 ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти вазорат, рӯзи 14-уми июл дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввал бо иштироки роҳбарияти вазорат ва масъулини соҳавӣ масъалаи иҷрои нақшаҳо ва камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ шудааст. Вазир таъкид намудааст, ки дар самтҳои муҳиме чун:
-коҳиши талафоти нерӯи барқ;
-бартарафсозии изофанависӣ;
-боло бурдани масъулиятшиносии кормандон;
-беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ;
ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад ва ислоҳи онҳо талаботи рӯз аст.
Раҳбарияти ширкат қайд намудаанд, ки коҳиши талафоти барқ, ҷорӣ намудани усулҳои нави назорат ва ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ аз самтҳои афзалиятноки кори онҳост.
Вазир аз масъулин хост, тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube