Дар телекоми муосир технологияҳо нақши муҳим доранд, лекин дастовардҳои ҳақиқиро одамон ба вуҷуд меоранд. Дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” кормандони зиёде ҳастанд, ки роҳи худро аз маркази тамос – зангҳои нахустин ва муошират бо муштариён оғоз карда, бо мурури вақт то сатҳи роҳбарон ва мутахассисони калидӣ расиданд. Саргузашти онҳо – далели он аст, ки то чӣ андоза касбият, далерӣ ва муҳаббат нисбати касбу кори худ таҳдиду мушкилиҳоро ба имкониятҳо табдил медиҳанд, ба командаҳо илҳом мебахшанд ва ба пешравии ширкат мусоидат мекунанд.
Фарҳод Шаймурадов: фурӯшҳо бо пешгузарӣ
Роҳи Фарҳод аз вазифаи мушовир дар маркази тамоси ширкати “МегаФон Тоҷикистон” оғоз ёфта буд. Як сол пас номбурда ба вазифаи мутахассис оид ба рушди каналҳои алтернативии фурӯшҳо таъин гардида, сипас аз озмун ба вазифаи менеҷер оид ба рушди чаканаи хусусӣ гузашта буд. Баъдан номбурда роҳро аз вазифаи менеҷери пешбари хадамоти фурӯшҳо то роҳбари хадамоти фурӯшҳо тай намуд.
Таҳти роҳбарии мавсуф ширкат самтҳои навро роҳандозӣ намуд: аз ҷумла тарзи амали системавиро нисбати фурӯши тарофаҳои гаронарзиш ҷорӣ намуда, фурӯшҳои фирмавиро дар ҳудуди тамоми кишвар васеъ намуд. Ин қадамҳо мавқеи ширкатро дар бозор устувор намуда, исбот карданд: қарорҳои ҷиддӣ доимо натиҷаҳои хуб меоранд.
Фарҳод мутмаин аст: пешакӣ пурра ба нақша гирифтани қадамҳо ва наҳаросидан аз дигаргуниҳоро яке аз роҳҳои асосии ноилшавӣ ба муваффақият маҳсуб меёбанд. Ӯ ҳавасманди он аст, ки доимо дар ҳаракат бошад, мақсадҳои навро амалӣ гардонад ва дар ҷустуҷӯи имкониятҳои навин бошад. Маҳз ҳамаи ин ба команда ва ширкат имкон медиҳад, ки ба пешравиҳоро ба пешравиҳо мушарраф шаванд.
Гулноза Юлчиева: автоматизатсия ҳамчун драйв
Гулноза фаъолияти худро дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба ҳайси мушовири халамоти мизоҷон оғоз карда буд. Мавсуф баъдан мушовири калон шуда, сипас ба шуъбаи назорати сифат гузашт ва дар он ҷо ҳамчун менеҷер фаъолият мекард. Баъдан ба вазифаи нозири буҷавии Департаменти хизматгузориҳои инноватсионӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таъин гардида, имрӯз бошад, роҳбарии шуъбаи назорати сифатро ба зимма дорад. Сафари ӯ нишон медиҳад, ки чӣ гуна ҳавасмандии дохилӣ ва таваҷҷӯҳ ба тафсилот ба рушди касбӣ ва тағйироти воқеӣ оварда мерасонад.
Яке аз лоиҳаҳои асосии Гулноза автоматикунонии ҳисоботи CSI буд. Қаблан кормандон барои дастӣ тайёр кардани ҳисобот вақти зиёд сарф мекарданд. Ба шарофати ташаббуси номбурда ин раванд нисбатан босуръат ва дақиқ шуд: менеҷерон барои кор бо муштариён вақти бештар пайдо карда, сифати таҳлил то сатҳи назаррас такмил ёфт.
Номбурда мутмаин аст, ки бе масъулият ва кори дастаҷамъона комёб шудан ғайриимкон аст. Ин хислатҳо ба ӯ кӯмак карданд, ки то сатҳи роҳбарӣ расида, фазои боварӣ ва дастгириро фароҳам орад. Шиори вай оддист: вакте ҳар нафар «бо идеяҳо оташ мезанад» ва ба дигарон ёрӣ мерасонад, натиҷаҳо ногузир ба даст меоянд.
Фирӯзҷон Ғуломов: нерӯи тағйирот
Корро дар вазифаи онлайн-мушовири ширкати “МегаФон Тоҷикистон” оғоз намуда, Фирӯзҷон доимо ҳаракат мекард, ки равандҳоро беҳтар намояд. Дар соли 2020 ӯ мутахассиси калони хадамоти мизоҷон таъин шуда, айни замон ин самтро роҳбарӣ мекунад. Ба ҳамкорон бо тарзи махсуси корбарии худ ва ҳаракат ба тағйирот илҳом мебахшад.
Номбурда ҷадвали қулайи кориро барои коргарон ҷорӣ карда, ҳисоботҳои кӯҳнаро автоматӣ намуд. Лекин сарфи назар аз шубҳаҳои аввала маҳсулнокии меҳнат афзуд, интизом боқувват карда шуд ва вақти омода кардани ҳисоботҳо қариб ду баробар коҳиш ёфт.
Фирӯзҷон худро қисми ҷудонопазири команда меҳисобад. Нерӯи бузург ва ҳавасмандии баланд ба ӯ дар расидан ба вазифаи роҳбарӣ мусоидат карданд. Миннатдории самимии муштариён барои кори босифати команда ҳаваси номбурдаро ба кор боз ҳам зиёдтар менамояд.
Саида Файзуллоева: меҳрубонию дилсӯзӣ ҳангоми кор бо муштариён
Саида ба ширкат бо вазифаи хазинадори идораи хизматрасонии МегаФон Тоҷикистон омада буд. Аллакай пас аз шаш моҳ номбурда мутахассиси калон таъин карда шуда, сипас ба вазифаи менеҷер оид ба баррасии муроҷиатҳои шикоятӣ гузашта буд. Имрӯз мавсуф роҳбарии зерсохтори калидӣ – шуъбаи идоракунии муносибатҳо бо мизоҷонро ба дӯш дорад.
“Ҳар як муроҷиати муштарӣ – дарси нав аст”, – мегӯяд Саида. Барои номбурда кор – на танҳо роҳи ҳалли мушкилиҳост, балки инчунин имконияти дарк кардани эҳсосоти одамон ва табдил додани таҷрибаи кор ба онҳо ба таҷрибаи мусбат ба шумор меравад. Номбурда ба он бовар аст, ки ҳар як муроҷиат барои беҳтар кардани робитаи муштарӣ бо ширкат имконияти беҳтарин аст.
Хислати асосии Саида – меҳрубонию дилсӯзист. Қобилияти шунавидан ва эҳсос кардан дар пайдо кардани роҳҳои ҳал ҳатто дар ҳолатҳои мураккабтарин кӯмак мерасонад. Барои ӯ суръати эътино, омодагӣ ба қабули қарорҳо ва дастгирии команда хеле муҳим мебошад. Маҳз коллектив ва табодули таҷриба ба ӯ нерӯ мебахшанд ва ба пешравиҳои нав водор месозанд.
Фирӯза Мавлоназарова: телемаркетинг бо натиҷа
Фирӯза фаъолияти худро дар МегаФон Тоҷикистон дар вазифаи мушовири маркази тамос шурӯъ карда буд. Номбурда ҳам ба муштариёни тоҷикистонӣ, ҳам ба муштариёни МегаФон, ки дар Русия қарор доранд, хизмат мерасонид. Сипас ба вазифаи мушовири калон таъин шуда, баъдан ба шуъбаи назорати сифат (ШНС) гузашта буд.
Дар соли 2020 аз озмун ба вазифаи менеҷери калон оид ба ҳисоботнокӣ ва банақшагирӣ гузашта буд. Аз соли 2023 ба сифати менеҷери пешбар оид ба ҳисоботнокӣ ва банақшагирии самти фурӯшҳо кор мекард. Дар ҳоли имрӯз Фирӯза роҳбарии шуъбаи телемаркетинги ширкатро ба зимма дорад.
Номбурда мутмаин аст: муваффақият дар ҳаракати пайваста дар самти ноилшавӣ ба ҳадафҳо, мунтазамӣ ва қобилияти илҳомбахшӣ ба дигарон аст. Номбурда дар ҳар як лоиҳа имконияти рушд кардан ва ба пешравиҳо ноил кардани командаро мебинад. Сирри муваффакияти ӯ азму иродаи кавӣ махорати роҳбарӣ мебошанд.
Наргис Ёрова: муколама ба ҷойи қолабҳои обшуста
Наргис роҳро аз вазифаи мушовири маркази тамос то менеҷер оид ба фурӯшҳо, сипас то вазифаи менеҷери калон ва пешбари шуъбаи назорати сифат тай кардааст. Имрӯз номбурда роҳбарии самти таҷрибаи кор бо мизоҷон ва рушдро ба зимма гирифтааст.
Наргис тафаккури системавӣ, қобилияти гӯш кардан ва ташаббускориро қадр мекунад. Ба номбурда одамон ва имкониятҳо барои рушд илҳом мебахшанд. Ӯ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки тамоми роҳи мизоҷро ба назар гирифта, нуқтаҳои инкишофро пайдо намояд.
Командае, ки илҳом мебахшад
Шаш саргузашти гуногун – шаш нигоҳи мухталиф ба муваффақият. Касе диққати махсусро ба технологияҳо равона мекунад, нафари дигаре – ба меҳрубонию дилсӯзӣ, шахси сеюм бошад – ба пешсафию ташаббускорӣ. Лекин ҳамаро як мақсад муттаҳид менамояд: хоҳиши ташкили арзишҳо барои муштариён ва роҳбаладию раҳбарӣ кардани командаҳо.
“МегаФон Тоҷикистон” ифтихор аз он дорад, ки теъдоди мутахассисони боистеъдод, ки ширкатро тағйир медиҳанд, ба рушди соҳа мусоидат мекунанд ва ояндаи телекоммуниктсияҳоро дар кишвар дар ҳамин ҷой худи ҳозир ташаккул медиҳанд, торафт зиёд шуда истодааст.
Мехоҳед узви командае бошед, ки дар он идеяҳо, далерӣ ва кӯшишҳои ноилшавӣ ба муваффақиятҳои касбиро қадр мекунанд? Пас роҳи Шумо ин ҷой оғоз меёбад: https://jobmf.tj/. Бипайвандед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube