Рубрики Хабарҳо

Беш аз 6 ҳазор нафар тоҷикистонӣ соли 2017 ба зиёрати Хонаи Худо рафтаанд

Дар мавсими ҳаҷи соли сипаригардида бо роҳбаладии Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон  беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони  сафар карданд.

Дар ин бора имрӯз, 5 феврал раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ  иброз дошт.

«Нархномаи ягонаи сафари ҳаҷ дар мавсими соли 2017 барои як нафар ҳаҷраванда дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирам муқаррар карда шуда, пардохти маблағҳои ҳаҷравандагон дар шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд», — гуфт Сулаймон Давлатзода.

Сулаймон Давлатзода гуфт: «Соли гузашта озмуни интихоби роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2017» баргузор карда шуда, роҳбаладон интихоб гардиданд».

Гуфтанист, ки ҳамасола даҳҳо шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят аз он мекунанд, ки дар интихоби роҳбаладон, аксаран на онҳое интихоб мешаванд, ки таҷрибаи сафар ва дониши кифоя аз маносики ҳаҷ доранд, балки аз байни кормандони давлатӣ шахсони тасодуфӣ бештар роҳбалад мешаванд ва дар рафти маносики ҳаҷ зоирон ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои зиёде ба хоҳишмандони сафари ҳаҷ ҷорӣ мешаванд.

Чанде пеш масъулони бахши дин дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳақдор шуданд, ки дархости ашхоси камбизоат ва ҳамаи онҳоеро, ки ба назари масъулини дин, вазъи иҷтимоиашон хуб нест, барои адои маносики ҳаҷ рад кунанд. ​Масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин ҳарчанд ин тасмимро ҷилавгирӣ аз бад шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинон арзёбӣ мекунанд, аммо огоҳон мегӯянд, тасмими Кумитаи дин идомаи маҳдудкуниҳо дар самти адои маросими ҳаҷ мебошад.

Ҳамчунин дархости ҷавонони то 40-сола низ дар Тоҷикистон барои сафари ҳаҷ рад карда мешавад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *