Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳам мулоқот карданд..
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ ин мулоқоти маҷозӣ имрӯз, 7-уми январи соли 2021 баргузор шуд. Вазорат дар мавриди чигунагии ин нишаст ва масоили дар он гузориш надода, танҳо гуфтааст ин мавзуъ дар мулоқоти рӯзи 4-уми январи сафири Тоҷикистон дар Кобул Саъдӣ Шарифӣ бо вазири хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баррасӣ шудааст.
Вазорати хориҷа нишасти маҷозии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз мавзуъҳои вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Кобул дониста гуфтааст, ки рӯзномаи он бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон баррасӣ шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳам дар як хабарномаи нашркарда дар саҳфаи расмии интернетияш гуфтааст, ки «Шарифӣ дар мавриди омодагиҳои кишвараш перомуни роҳандозии нишасти сеҷониба миёни Афғонистон, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба оқои Атмар маълумоти муфассал дод».
Аммо вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳам дар мавриди ҷузъиёти ин нишаст чизе нагуфтааст.