Рубрики Хабарҳо

«Ҷашни каду, харбузаву асалро …деҳқонон сарпарастӣ мекунанд»

Аз Вазорати молияи Тоҷикистон шарҳ доданд, ки барои  иду ҷашнҳои дар сатҳи ҷумҳуриявӣ набуда, аз ҳисоби будҷа маблағ ҷудо намешавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон гуфт, «танҳо барои баргузории идҳои давлатӣ аз будҷа пул ҷудо мешавад, ҳеч гоҳ барои ҷашнҳое ба монанди иди асалу харбуза аз будҷа пул ҷудо нашудааст.

Вазири молияи Тоҷикистон гуфтааст, идҳои ғайридавлатӣ ва дар сатҳи ҷумҳурӣ набударо бештар соҳибкорон ва деҳқонон сарпарастӣ мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон баъди қабули қонуни танзим харҷҳои зиёди тӯйу маросимҳои мардумиро ба маротиб маҳдуд кардааст. Аммо, худи ҳукумат ҳамасола ҷашнҳоеро мисли ҷашни Наврӯз, иди ваҳдат, ҷашни кадуву асалу харбуза ва ҳоказоро мегузаронад. Гуфта мешавад, ба ин ҷашнҳо аз буҷаи кишвар миллионҳо сомонӣ сарф мешаванд.

Расонаҳо менависанд, бар асоси омори расмӣ, қарор аст, дар давоми се соли оянда, беш аз 30 ҷашнвораву намоиш ва иду озмунҳо баргузор шавад. Таҷлили қисми зиёди ин чорабиниҳо соли 2019 дар назар гирифта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *