Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистону Ӯзбекистон оиди сарҳад ва виза ба тавофуқ расиданд

Комиссиюни дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нишасти Душанбе оиди рафтуомади дуҷонибаи шаҳрвандон ва баҳсҳои сарҳадӣ ба тавофуқ расид.

Тибқи тавофуқи ҳосилшуда ба зудӣ ҷонибҳо ҳуҷҷат “Дар бораи сафари шаҳрвандон”-ро имзо хоҳанд кард, ки дар натиҷа шаҳрвандони ҳарду кишвар дар қаламрави метавонанд ба кишварҳои ҳамдигар бидуни виза сафар кунанд ва як моҳ боқӣ бимонанд. Дар ин бора “Азия Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.

Манбаъ гуфтааст, ҷонибҳо ҳамчунин ба тавофуқ расидаанд, ки ба зудӣ хатсайрҳои қатораву мусофирбарҳо ва чанд гузаргоҳи нави марзии дигар боз кунанд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон оиди пурбаҳстарин минтақаи марзии байни ду кишвар — НБО “Фарҳод” ҳам ба созиш омадаанд, ки тибқи он минтақае, ки ин НБО қарор гирифтааст, қаламрави Тоҷикистон шумурда шуда, худи НБО “Фарҳод” моли Ӯзбекистон шинохта мешавад. Ҳимояти нерӯгоҳро ҷониби Тоҷикистон ва хидматрасонии техникиашро ҷониби Ӯзбекистон анҷом медиҳад.

Нишасти дуҷонибаи Душанберо манбаъ хеле муваффақ номида гуфтааст ки дар натиҷа “ба вазорату мақомоти дахлдор супориш шуд ба омодасозии тарҳи созишномаҳо байни Тоҷикитсону Ӯзбекистон оиди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, коммуникатсия, савдо, иқтисод ва сарҳад оғоз кунанд”.

Ба гуфтаи манба интизор меравад ин созишномаҳо ҳангоми сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба имзо расанд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *