Вазорати дифоъи Амрико дар назар дорад тайи ду соли оянда барои муқобила бо қудрати рӯзафзуни Чин истифода аз ҳазорон сомонаи таслиҳотии худкорро оғоз кунад.
Кэтлин Ҳикс, муовини вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида рӯзи душанбе зимни баёни ин матлаб таъкид кард, ки “зарурати навоварӣ” дар рақобати Вашингтон бо Чин амре ҳаётӣ хоҳад буд. Ў бартарии Чин дар рақобат бо Амрикоро бартарии ададӣ аз назари дар ихтиёр доштани нов (киштиҳои ҷангӣ), мушак ва ҷамъияти бештар донист.
Муовини вазири дифоъи Амрико афзуд, ки ҳадафи кишвараш оғози истифода аз “сомонаҳои худкор дар сатҳи чанд ҳазор ва дар заминаҳои гуногун тайи 18 то 24 моҳи оянда” аст.
Кэтлин Ҳикс истифода аз сомонаҳои таслиҳотии худкорро камҳазинатар хонд ва гуфт, ки Амрико ба ин тартиб сарбозони камтареро ба хатти муқаддами набардҳои низомӣ хоҳад фиристод. Ў ҳамчунин аз лузуми тағйири босуръати тарзи нигоҳ ба муноқишаҳои низомӣ сухан гуфт.
Истифодаи густурда аз паҳподҳои интиҳорӣ дар ҷанги Укроин тай 18 моҳи гузашта аз назари таҳлилгарони умури дифоъӣ баёнгари тағйири асосӣ дар муноқишаҳои низомӣ буд.
Ҳарчанд истиқлоли амалиётии сомонаҳои низомӣ тайи солҳои гузашта афзоиш ёфтааст, аммо суханони муовини вазири дифоъи Амрико аз барномарезии Вашингтон барои истифодаи густурда аз роботҳои ҷангҷӯ ҳикоят дорад.
Сомонаи таслиҳотии худкор аз назари Петагон роботе хоҳад буд, ки қодир ба анҷоми амалиёти печидаи низомӣ бидуни дахолати инсон бошад. Аз сӯи дигар ҳазинаи тавлиди ин роботҳо ба андозае хоҳад буд, ки ба хатар андохтани он барои як маъмурияти низомӣ мушкилсоз набошад ва ба ин тартиб имкони ҷойгузинии он ба таври густурда ва анбӯҳ вуҷуд хоҳад дошт.
Интизор меравад, ки артиши Амрико ба думболи истифода аз ин сомонаҳои таслиҳотии худкор дар замин, дарё, ҳаво ва фазо бошад.
Бо ин ҳол яке аз нигарониҳои ҷиддӣ дар мавриди истифода аз роботҳо дар майдони набард ба риояти муқаррароти ҷанг бармегардад. Тарафдорон истифода аз роботҳо мӯътақиданд, ки имкони барномарезӣ барои сомонаҳои таслиҳотии худкор вуҷуд хоҳад дошт ва онҳо ҳатто аз сарбозон ҳам беҳтар аз дастурҳо пайравӣ хоҳанд кард.
Дар муқобил мухолифон истифода аз роботҳо дар муноқишаҳои низомӣ ба набудани имкони пешбинии ҳама сенарияҳои мӯҳтамал дар ҷанг ишора мекунанд. Ба гуфтаи онҳо роботҳо мумкин аст бо дарки иштибоҳ аз дастурҳо ҳамалоте нохоста анҷом диҳанд ва фоҷиа биофаранд.