Рубрики Хабарҳо

80 тоҷик бидуни ғизо дар боздоштгоҳи Маскав нигоҳ дошта мешаванд (2 навор)

Ҳудуди 80 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар яке аз идораҳои пулиси Маскав наздик ба ду шабонарӯз аст, ки бидуни ғизо нигоҳ дошта мешаванд.

Яке аз ин боздоштшудаҳо, ки навореро ҳам нашр кардааст, мегӯяд шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар он идораи пулис ҳудуди 80 нафаранд, ки байнашон занон ҳам ҳузур доранд. Дар навор ҳам чанд зан дида мешаванд.

Дар аксе ҳам, ки Каримҷон Ёров нашр кардааст, дида мешавад, ки ин идораи пулиси деҳаи Развиловкая, ноҳияи Ленин аст.

Яке аз онҳо ба Каримҷон Ёров навиштааст, ки онҳоро дирӯз соати 5-и саҳари дирӯз, 20 феврал ба берунн бароварда то соати 19,30 дар кӯча нигоҳ доштаанд ва баъадн ба шӯъбаи пулис бурдаанд. Дар назди идора ҳам тоҷиконро то ними шаб дар дохили мусофирбар нигоҳ доштаанд.

Ин нафар навиштааст дар минтақаи Домодедово ҳудуди 40 тоҷик, 20 ӯзбек, 10 қирғиз боздошт намуда ба пулис овардаанд.

Каримҷон Ёров навиштаи ӯро нашр карда, аз сафорати Тоҷикистон хостааст ба доди шаҳрвандонаш бирасад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *