Яке аз сабабҳои барҳам додани ширкати “Фароз” ин аст, ки қарор аст баъди ба раёсатҷумҳурӣ расидани Рустами Эмомалӣ Шамсуллоҳ Соҳибов, молики ширкати “Фароз” ва домоди дӯстдоштаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои додарарӯсаш раиси шаҳри Душанбе таъин гардад.
Дар ин бора ба Паём як манбаъ, ки худро корманди дастгоҳи раисҷумҳур муаррифӣ кард, иттилоъ дод. Ӯ гуфт, тибқи қонун хизматчии давлатӣ набояд соҳибкор бошад, бинобар ин ширкати “Фароз”-ро барҳам медиҳанд.
Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, барҳамдиҳии “Фароз” танҳо фиреби назар аст ва чун номаш вирди забонҳост маҳз ҳамин ширкатро аз байн мебаранд. Дар асл, Шамсулло Соҳибов таҳти ин ширкат 96 адад ҶДММ дорад. Ҳоло бештари ин ҶДММ-ҳоро ба ҶСП табдил дода истодаанд ва Соҳибов ғайр аз тиҷорати сӯзишворӣ тамоми бизнесҳояшро ҳифз хоҳад кард.
Ҳамчунин Соҳибов ният дорад ба таври ғайрирасмӣ тамоми ин ширкатҳоро идора кунад.
Тафтиши ин маълумот аз манбаъҳои дигар муяссар нашуд. Паём мекӯшад рӯзҳои наздик тавассути манобеъи дигар иттилоъоти бештаре дар ин маврид ба даст орад ва дастраси хонандагон гардонад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон домодаш Шамсулло Соҳибовро бо ордени “Шараф” сарфароз гардонида буд.
Гуфтанист, ду ҳафта қабл номаи ин ширкат ба Кумитаи андоз нашр шуда, ки дар он гуфта мешуд сабаби худбарҳамдиҳиашро “Фароз” дар тобовар набудан ба рақобат дар бозори фурӯши сӯзишворӣ аст, дар ҳоле, ки фурӯши сӯзишворӣ танҳо як бахши фаъолияти ин ширкат мебошад. “Фароз” чанд бахши дигар, аз ҷумла, ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камол, шиносномаҳои ронандагиву рақамҳои давлатии мошинҳо, хадамоти тиббӣ ва ғайраро монополия карда, дар истеҳсоли позаҳр, бахши сайёҳӣ, сохтмон, конҳо маъодин, бонкдорӣ ва дигар бахшҳои фаъолияти густардае дорад.
Ҳамчунин ин ширкат дорои чанд бозор буда, соли гузашта маркази “Вефа сентр”- ро аз туркҳо ва “Лото спорт”-ро аз соҳибкорони тоҷик ғасб карда буд.
Ин ширкат истрироҳатгоҳи кӯҳии “Сафедара”-ро дар ихтиёр дошта, моҳе қабл аквапарки бузургеро дар пойтахт ифтитоҳ кард. Тасмими сохтмони чанд терминали автомобилӣ дар се ноҳияи шимоли кишвар ва ғасби заминҳои кишоварзон ба ин хотир низ аз иқдомҳои ахири ин ширкат аст.
Шояд воридот ва фурӯши сӯзишвориро ҳам “Фароз” бо гузаронидан ба яке аз ширкатҳои зертобеъаш ҳифз мекард, аммо тибқи иттилоъи манобеъи Паём, тафтиши гумруки Қирғизистон аз тарафи мақомоти Иттиҳоди гумрукӣ қочоқи сӯзишворӣ аз тарафи Соҳибов тавассути ин кишварро ошкор кардааст.
Хабари дигар ҳам имрӯз расонаӣ шуд, ки минбаъд дар Қирғизистон дар гузаргоҳҳои марзӣ ва маконҳои расмиёти гумрукӣ низоми назорати видеоӣ роҳандозӣ хоҳад шуд, ки аз сӯи дастгоҳи Хадамоти гумруки ин кишвар ба тариқи онлайн идора мешавад.
Бо кӯмаки техникии Русия дар доираи раванди пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар 9 гузаргоҳи марзӣ 472 дурбини назоратӣ насб карда шудааст.