Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз 17 майи соли 2017 ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва маблағҷамъкуниҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ҷамъоварии маблағ барои таъмир ва сохтмони ин муассисаҳо қатъиян манъ карда шудааст.
Ҳамзамон, бо ҳадафи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохушу вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори мушовараи худ аз 28.04.2017, №5/23 ва фармоиши вазир аз 17.05.2017, №1743 таҷлили чорабиниҳои «Занги камолот» ё «Занги охир» дар ҳама гуна муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон манъ намудааст.
Сокинон метавонанд дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо талаботи ғайриқонунии маблағ аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимӣ, арзу шикояти худро ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе тариқи:
📞 Телефони боварӣ: 221 30 92
📱 Вотсап: +992 002 20 40 40
📧 Почтаи электронӣ: [email protected] расонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube