Рубрики Хабарҳо

МОДАРИ НАМУНАВӢ

Модар ягона нафарест, ки ба ивази хубиҳояш чизе намехоҳад. Ягона нафарест, ки орзӯи ягонааш хушбахтии фарзандонаш аст. Дардҳояшро фаромӯш мекунад, то фарзандонаш бемор нагарданд, гуруснагияшро баён намекунад, то фарзандонаш сер бошанд, гиряҳояшро пинҳон мекунад, то фарзандонаш нагирянд. Дунёи муҳаббату меҳрубонӣ, дунёи шафқату вафодорӣ, дунёи авфу бахшиш, дунёи фидокориву самимист.

Модар устоди аввалини фарзанд аст, модар бинокунандаи ҷомеъаи башарӣ аст, мардҳои бурӯманду диловар аввалин таълими худро аз модар мегиранд. Бонувони қавиву бошуҷоъат аввалин тақлидашон ба модар аст. Аммо бо додани  меҳру муҳаббат ва бузург кардан, қарзи модарӣ тамом намешавад. Бояд хидмату заҳматҳои модар пас аз бузург гаштани фарзандон, ҳувайдо гардад.

Сару либоси тозаву озодаи кӯдак,таъмини ғизои хубу дигар моддиёт, модари хуб буданро намефаҳмонад. Масъулияти модари болотар аз инҳост. Модари намунавӣ ҳамонест, ки ба фарзандаш дар баробари додани меҳру шафқат, илму маърифат, шинохти Аллоҳу Расулаш,  шинохти Дунёву инсониятро меомӯзонад, то дар оянда на як нафари оддӣ, балки инсони пешқадами ҷомеъа ба воя расад.

ПАС МОДАР ЧӢ ГУНА БОЯД БОШАД?

Пеш аз ҳама модаре, ки фарзанди солеҳу намунавӣ мехоҳад, бояд аз ҳама пеш худаш ин сифатҳоро дошта бошад. Вақте худамон аз илму фарҳанг хабаре надорем ва лаҳзаеро барои ислоҳи худ сарф намекунем, асло интизори фарзанди солеҳу намунавӣ набошем. Падароне. ки мехоҳанд фарзандони буруманду бохирад дошта бошанд, бидонанд, ки аввал бояд модар соҳиби илму фарҳанг, ботақвову ботафаккур бошад.

МАСЪУЛИЯТИ МОДАР

Модар бояд  фарзандонашро аз кӯдаки руҳан қавӣ гардонад. Чӣ гунае, ки таъом хур, вагарна бемор мешавӣ, мегӯяд, барои қавӣ гаштани маънавиёти фарзандаш низ кӯшиш кунад. Шинохти Аллоҳу Паёмбараш, донистани каломи Раббул Оламин қиссаҳои паёмбарону саҳобагонро омӯзонад. Фарзанде, ки аз кӯдаки  дини худро бо тариқаи саҳеҳ меомӯзад, бо ахлоқу одобаш аз дигарон фарқ мекунад. Ногуфта намонад, ки аввалин пойдевори Тавҳидро худи волидон дар қалби кӯдак ҷой мекунанд. Паёмбар салоллоҳу алайҳи ва салллам мегӯянд:

ما من مولود الا يولد على الفطرة فابواه يهودانه او ينصرانه او يمجسانه

Ҳар як кӯдак бо фитрати яктопарстиву Ислом ба дунё меояд, волидон сабаб мегарданд, ки то кӯдак яҳудӣ гардад ва ё насронӣ ва ё маҷусӣ. (Муслим)

Вақте гуфтем аз кӯдакӣ бояд аз таълими динӣ бохабар бошад, ин маънои онро надорад, ки кӯдакро ба ҷои бо тафаккуру инкишофи ҷаҳонбиниаш кор кардан, ба назди мударрисе бубарем, ки бо зарбу зурӣ таълими динӣ ва ё ҳифзи Қуърон омӯзонад. Мударрисе, ки ягона ҳадафаш ҳофиз шудани кудак аст, ҳеҷ фоидае намеорад, баръакс ба ояндаи кӯдак зарарҳои ҷиддӣ дорад. Қуръоне, ки сар то по ҳикмату ибрат аст, он қадар барои кӯдак малоловару дилгиркунанда мегардад, ки пас аз раҳои аз дасти мударриси тангназар, асло бо хоҳиши худ ин китоби Муқаддасро даст намегирад.

Аммо кӯдаке,ки таълими аввали диниро аз волидон, ба хусус аз модар меомӯзад, тамоми умр побанди динаш боқӣ мемонад. Бояд модар муҳаббати Қуръонро дар дили кӯдак ҷой диҳад. Вақте муҳаббати Қуръон дар дили инсон пайдо гашт, хоҳу нохоҳ ҳифзаш мекунад.

Модар бояд чӣ гуна муомила кардан бо дигарон, чӣ гуна ба эҳсосот дода нашудан, дар ҳолатҳои ғазаби шадиду хурсандиҳои сахт худро ба даст гирифтанро ба кӯдак омӯзонад. Сабр кардан, рост гуфтан, ба кори дигарон ҳамроҳ нашудан, ин ҳама ахлоқҳои муҳиме мабошад, ки бояд аз кӯдаки зиннати фарзанд бошад. Яке аз мутахассиси соҳаи равоншиносӣ мегуяд: Шасту панҷ дар сади хислатҳои кӯдакӣ дар бузургӣ низ дар инсон боқӣ мемонад. Агар хислатҳои бади кӯдаконро дар кӯдаки ислоҳ накардед, яқин бидонед, фарзандонатон дар бузургӣ низ соҳиби он хислатҳои бад хоҳанд буд.

Пас, ҳар хислати баде, ки дар кӯдак мушоҳида мекунем, ҳатман аз паи ислоҳаш бояд шуд.

Модар бояд ба фарзандонаш ахлоқи исломӣ, меҳру шафқат нисбати дигаронро, эҳтиром ба бузургон, раҳм кардан ба хурдсолон, вафодориву холисиро таълим диҳад. Кӯдак бояд аз хурдӣ маънои раҳму шафқат, эҳтирому қадрдониро бидонад.

Модар бояд шуҷоъту аз худ дифоъ карданро дар қалби кӯдакон ҷой кунад. Ба ҷои духтараки тарсуву залил, духтари боҳаёву бовиқор ва аз ҳуқуқҳои худ огоҳро ба воя расонад.

Ба писарбачаи худ ҳақгӯиву шуҷоатро таълим диҳад. Натарсидан аз таҳқиру таҳдиди дигарон, дифоъ аз ҳаққу ҳақиқатҷӯиро омӯзонад.  Асмоа духтари Абубакри Сиддиқ, вақте писарашон Абдуллоҳ дар охирин рӯзҳои ҳаёташ ба наздашон омаду гуфт:

Модар ҳама пайравонам аз дасти Ҳаҷҷоҷи ҷаббору золим (ҳокими он замон буд) кушта шуданд. Дар атрофам гурӯҳи андаке ҳастанд, ки аз худ дифоъ карда наметавонанд.  Шояд имрӯз ман ҳам кушта шавам. Шумо дар ин амр, чӣ фикр доред?

Асмоа ба писари ҷавони худ ҷавоб доданд: Писарам, агар яқин медонӣ, ки дар роҳи ҳақ ҳастиву мардумро ба ҳақиқат даъват мекунӣ, дар ин роҳи худ собит биист. Асло ақибнишинӣ макун. Бираву ҳамчун дустонат дар роҳи ҳақ кушта шав. Дунё бақо надорад, имрӯз ва ё фардо ҳама мемиранд, аммо ту дар роҳи ҳақ барои ҳақ мемирӣ ва ин ниҳояти зиндагонист.

Пас аз шунидани суханҳои модар Абдуллоҳ ҷавонмардона бо қалби саршори насиҳати модарӣ барои ҳақ мубориза бурд ва ҳамон рӯз дар роҳи ҳақ аз дасти ҳокими золим ба шаҳодат расид.

Модар бояд аз хурди кӯдакашро бо ҳамнишинии ҳакимону солеҳон одат кунонад. Агарчи дақиқаҳои бошумор бошад, ҳам кудакон бояд аз сӯҳбатҳои уламо баҳраманд гарданд. Модари Имом Аҳмади Ҳанбал имомро пас аз намози бомдод ба ҳалқаҳои уламо мефиристонданд, дар ҳоле, ки ҳанӯз Аҳмади кӯчак ҳафтсола буданд. Заҳамоти модар ба ҳадар нарафт, имрӯз китоби  Ҳадисе нест, ки номи Аҳмад зикр нагашта бошад. Бо тараққӣ кардани технология лозим нест, кӯдаконро ба масофаҳои дур роҳсипор кунем, кофист сабтҳои ӯламоро якчанд дақиқа гуш кунанд.

Модар бояд табиати кӯдаконашро хуб омӯзад. Ба бардошти кӯдакон нигоҳ карда таълим диҳад. Ҳар кӯдак дорои истеъдоди хосе мебошад. Яке маҳорати забономӯзӣ дорад, яке қуввати варзишӣ, ҳама бо худ як маҳорат доранд. Ба истеъдоди кӯдакаш нигоҳ карда барои пешрафтани кудак ёрӣ расонад. Кӯдакро он тавр бузург кунед,то ба худ бовар кунад, донад, ки ба ҳадафҳои худ расида метавонад, Бо кӯмакҳои худ бо суханҳо худ ҳамеша қуввати дилаш бошед.

Имрӯз шояд аксари шунавандагони азиз хориҷ аз ватан бошанд, албатта суоле ба миён меояд, ки кӯдаконе,ки аз ватан берун, дар мусофирату муҳоҷират ҳастанд, бо ин мазлумакон чӣ бояд кард? Азизон, асло муҳоҷирати тифлакон озурдаатон насозад. Ҳиҷрат барояшон дарсҳое меомӯзад, ки шояд ману шумо тамоми умр омӯзонда натавонем. Аз кишварҳои гуногун, мардумҳои мухталиф фарҳангу одатҳои дигарон бохабар мегарданд. Аммо зинҳор, нагузоред, ки то фарҳанги аслии худ, ахлоқу одоби исломии худро фаромӯш созанд. Муҳоҷирони Ҳабаша пас аз гурезагиву бечорагӣ бо сари баланд ба ватан баргаштанд. Асло баъид нест, ки  Парвардигори Оламиён ин муҳоҷираконро низ бо ифтихору сарбаландӣ, бо дунёи илму маърифат, рӯзе ба сарзаминашон баргардонад.

Мувозиби тифлаконатон бошед, айёми кӯдаки хеле зуд мегузарад, аммо таъсираш то охири умр дар инсон боқӣ мемонад.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *