11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

ҲНИТ: Ҳукми додгоҳ нисбати Наимҷон Самеев золимона аст

Раёсати Олии ҲНИТ бо пахши зиҳороте  ҳукми Додгоҳи шаҳри Исфара нисбати Наимҷон Самеев, собиқ узви раёсати олии ин ҳизбро ғайримунсифона, золимона ва ноодилона хонда,  озодии фаврии Наимҷон Самеевро талаб кард.

Наимҷон Самеев, собиқ  раиси шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара бо ҳукми додгоҳи шаҳри Исфара ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар изҳороти ҲНИТ омадаст, “қазияи Домулло Наимҷон Самеев сар то по бӯҳтон, дурӯғ ва тӯҳмат аст. Дар ибтидо мақомоти одамдузди кишвари мо, вайро аз Русия дуздида ба Тоҷикистон бурданд ва маҷбураш карданд, ки дар як сӯҳбати видеоӣ эълон кунад, ки бо ихтиёри худаш ба Тоҷикистон баргашта аст.

Дар идомаи изҳорот  раёсати ҲНИТ мепурсад, ки агар Наимҷон Самеев ба ихтиёри худаш баргашта бошад, чаро мисли дигар касоне, ки бо ихтиёри худашон баргашта буданд ӯро низ озод накарданд?

Раёсати Олии ҲНИТ эълон кардааст, ки дар боздошт ва зиндонӣ кардани Наимҷон Самеев мақомоти ҳукумати Тоҷикистон даст ба чанд ҷиноят ва ваъдахилофӣ задаанд, ки ҳамаи мардуми кишвар бояд аз он огоҳ бошанд.

Раёсати ҲНИТ таъкид бар ин кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон даст ба одамрабоӣ задаанд. Одамрабоӣ аз қаламрави як кишвари дигар характери ҷинояти байналмилалӣ дорад. Мардуми азизи кишварамон огоҳ ҳастанд, ки ин бори аввал нест, ки ҳукумати Тоҷикистон даст ба ин ҷиноят мезанад. Бинобар ин дар зудтарин фурсат бояд парвандаи одамрабоии ҳукумати Тоҷикистон ба яке аз додгоҳҳои байналмилалӣ супурда шавад.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки  Мақомоти Тоҷикистон тариқи фишор ва таҳдид аз Наимҷон Самеев иқрор гирифтаанд, ки гӯё бо ихтиёри худаш ба Тоҷикистон баргаштааст. Далели қотеъи вуҷуди шиканҷа ва таҳдид дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳам метавонад ҳамин қазия бошад, ки ҳарчӣ зудтар бояд дар ин бора ҳам ба созмонҳо шикоятномае тақдим карда шавад.

Ҳамчунин дар изҳорот зикр шудааст, ки Мақомоти Тоҷикистон бори дигар собит карданд, ки ба ягон ваъдаи худ содиқ нестанд. Агар даъвои онҳо дар бораи ихтиёран ба Ватан баргаштани Наимҷон Самеев дуруст мешуд, бояд ӯро озод мекарданд. Дар ҳарду ҳолат ҳам дурӯғи мақомот собит мегардад. Ё Наимҷон Самеев ихтиёран барнагаштааст ё инки ваъдаи мақомот маҳз ба хотири фиреби мухолифон аст ва дар асл бо вуҷуди баргашти ихтиёрӣ ҳам бахшида намешаванд.

Дар охири изҳорот  таъкид бар ин шудааст, ки Наимҷон Самеев аз соли 2014 ба баъд ҳеҷ гуна фаъолияти сиёсӣ надошт ва дар Русия машғули корҳои шахсӣ ва тиҷорат буд.

Раёсати Олии ҲНИТ бо ин далелҳо бо пахши изҳорот бори дигар ҳукми зиндони Наимҷон Самеевро золимона ва ноодилона дониста, аз тамоми созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва омбудсмен талаб кард, ки барои озодии ӯ талош намоянд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *