Рубрики Хабарҳо

Русия: ҳамлаи қаиқҳои тундрави бесарнишини Укроин дар Баҳри Сиёҳ дафъ шуд

Русия мегӯяд ҳамлаи шиноварҳои бесарнишини Нерӯи баҳрии Укроин ба самти киштиҳои ин кишвар дар яке аз шаҳрҳои бандарии ҷанубу ғарбии нимҷазираи Крим дар баҳри Сиёҳро дафъ кардааст. 

Вазорати дифоъи Русия бо эъломи ин хабар тасреҳ кард, ҳамалоти ёдшуда, ки нахустин соатҳои бомдоди рӯзи душанбе сурат гирифт, бахше аз киштиҳои нерӯи баҳрии ин кишвар дар баҳри Сиёҳ мустақар дар бандари Севастополро ҳадаф қарор дода буд. 

Севастопол, шаҳри бандарӣ дар нимҷазираи Крими Укроин, ки Русия онро дар соли 2014 замимаи хоки худ кард аз феврали гузашта, ки Русия таҳоҷуми низомӣ ба Укроинро оғоз кард то кунун борҳо мавриди ҳамалоти ҳавоӣ қарор гирифтааст. 

Мақомоти низомии Русия пештар борҳо Укроинро масъули анҷоми ин ҳамалот эълом карда буданд. Аммо ин бор сухан аз ҳамалоти паҳподҳои баҳрӣ ба ҳарими ин минтақа аст. 

Вазорати дифоъи Русия дар ҳамин росто бо интишори баёнияе эълом кард: “режими Киев ҳудуди соати 3:30 бомдод ба вақти маҳаллӣ талош кард, ки бо се қаиқи тундрави бидуни сарнишин ба пойгоҳи киштии Баҳри Сиёҳ дар Севастопол ҳамла кунад.” 

Бино ба ин баёния, ки Рейтерз гуфтааст ба сурати мустақил қодир ба таъйиди он нест Русия ҳар се паҳподи нерӯи баҳрии Укроинро нобуд карда ва ҳеҷ хисорат ё талафотеро дар ин раванд мутаҳаммил нашудааст. 

Сокинони Севастопол низ ба Рейетрз гуфтанд, ки нигарони мавҷи ҳамалоти паҳподҳое ҳастанд, ки пештар ин шаҳр бо он мувоҷеҳ шудааст. Бархе дигар аз сокинон низ гуфтаанд ба ин шароит одат кардаанд. 

Елена Кудренко, яке аз сокинони Севастопол гуфтааст: “ҳамлаи паҳподҳо шуморо бедор мекунад, ҷое нест, ки тавонӣ ором хобӣ, хона меларзад. Дар ин шароит бештар нигарони фарзандон ҳастем.” 

Ӯ афзудааст: “аммо мо ба системи зидди мушакӣ итминон дорем ва медонем, ки Севастопол ба хубӣ муҳофизат мешавад.” 

Олга Лоншакова, яке дигар аз сокинон гуфтааст: “мо ба сару садои ҳамешагӣ ва тамринҳои давомдори низом) одат кардаем. Мо дигар камтар мутаваҷҷеҳи ин ҳамалот мешавем.” 

Укроин ҳанӯз ба ин ҳамалот, ки Маскав муддаӣ аст аз сӯи низомиёни укроинӣ сурат гирифта, ҳеҷ вокунише нишон надодааст. 

Киев тақрибан ҳаргиз ба сурати ошкор масъулияти ҳамалот дар дохили Русия ва ё манотиқи таҳти контроли Русия дар Укроинро бар ӯҳда намегирад. 

Русия соли 2014 Севастополро ба ҳамроҳи дигар манотиқи нимҷазираи Крим замимаи хоки худаш кард, ин дар ҳолест, ки нимҷазираи Крим аз сӯи ҷомеаи байналмилал ба унвони бахше аз хоки Укроин шинохта мешавад. Ин шаҳр беш аз ду қарн пойгоҳи аслии нерӯи баҳрии Русия будааст. 

Аз сӯи дигар, Рейтерз рӯзи душанбе ба нақл аз як мақоми рус эълом кард, ки як паҳподи сохти Укроин пур аз маводи мунфаҷира дар ҷангале воқеъ дар яке аз манотиқи Маскав суқут кардааст; Ҳеҷ гуна талафоти ҷонӣ аз сӯи мақомоти рус барои ин ҳодиса гузориш нашудааст. 

Русия моҳи гузашта аз сарнагунии як паҳподи укроинӣ дар ҷануби пойтахти Русия хабар дода буд; Ҳамлае, ки гуфта шуд ба чанд сохтмони маскунӣ хисорат ворид ва се нафарро маҷрӯҳ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *