Дар ноҳияи ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии пахта 100 дарсад иҷро шудааст. То ҳол дар вилояти Хатлон ду шаҳру ду ноҳия – Бохтар, Левакант, Дӯстӣ ва Ёвон нақшаро пурра иҷро кардаанд.
Деҳқонони ноҳияи Ёвон бо супоридани беш аз 22 ҳазору 268 тонна пахта дар вилояти Хатлон аз ҷиҳати ҳаҷм зиёдтарин пахтаро ҷамъоварӣ кардаанд. Феълан ҳосил дар саҳро кам нест ва бо истифода аз боду ҳаво ҳосил пурра ҷамъоварӣ карда хоҳад шуд.
Дар мавсими имсола дар ноҳияи Ёвон дар майдони 10 ҳазору 485 гектар кишти пахта гузаронида шуда аст.
Имсол нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон 254 ҳазор 300 тонна мебошад ва то имрӯз, бештар аз 75 дарсад иҷро шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube