Рубрики Хабарҳо

Пешшартҳои Риёз барои робита бо Исроил. Оё тавофуқи Арабистон бо Эрон таъсир кардааст?

Як расонаи исроилӣ ба нақл аз манобеъи амрикоӣ гузориш дода, Риёз ба Амрико гуфтааст дар ивази иҷрои чандин пешшарт ҳозир хоҳад буд Исроилро ба расмият бишносад. 

Як пойгоҳи хабарии исроилӣ мегӯяд пас аз тавофуқи Теҳрон ва Риёз барои аз саргирии равобити дуҷониба, Вашингтон дар ҳоли баррасии хостаҳои Арабистон барои одисозии равобити ин кишвар бо Исроил аст. 

Ин расонаи исроилӣ ба нақл аз як мақоми амрикоӣ навиштааст хостаҳои Арабистон барои ин кор шомили мавридҳое мсили бархурдорӣ аз барномаи ҳастаии ғайринизомӣ, густариши равобити низомӣ ва дифоъӣ бо Иёлоти муттаҳида ва ҳамчунин поёни интиқоди Вашингтон аз моҷарои қатли Ҷамол Хошуқҷӣ аст. 

Пеш аз тавофуқи Эрону Арабистон бар сари бозкушоии сафоратхонаҳои худ, гуфтугғҳои зиёде дар хусуси эҳтимоли оддисозии равобит миёни Риёзу Тел Авив мунташир шуда буд ва бархе аз таҳлилгарони Ховари Миёна ин эҳтимолро матраҳ мекарданд, ки пас аз барқарории равобит миёни Исроил ва бархе аз кишварҳои арабии минтақа, эҳтимолан Арабистони Саудӣ ҳам ба зудӣ ба сурати расмӣ бо Исроил робита барқарор хоҳад кард. 

Дар ҳамин замина, Рон Дисонтис, фармондори Флорида ва яке аз кандидатҳои ҷумҳурихоҳ барои интихоботи раёсатҷумҳурии 2024, ҳафтаи гузашта дар сафари худ ба Исроил аз давлати Ҷо Байден интиқод ва ӯро муқассири фосила гирифтани Арабистони Саудӣ аз Исроил донист. Дисонтис бо ишора ба “тавофуқи Иброҳим” дар давлати Трамп, Байденро муттаҳам кард, ки Риёзро аз оддисозии робита бо Исроил дур кардааст. 

Ӯ ҳамчунин дар идома гуфт: “ман фикр мекунам бо як сиёсату равобити муносиб метавон интизор дошт, ки Арабистон Исроилро ба расмият бишиносад.” 

Исроилиҳо аз хабари оддисозии равобит миёни Риёзу Теҳрон шигифтзада ва ноумед шуданд ва ҳоло онҳо умедворанд бо таваҷҷуҳ ба нуфузи Амрико, Вашингтон иқдомоте барои наздикии Риёзу Тел Авив сурат диҳад. Бо ин ҳол ба назар мерасад Арабистони Саудӣ барои ин манзур хостаҳое дорад, ки мехоҳад Иёлоти муттаҳида онҳоро фароҳам созад. 

Исроил ҳам дар ин гузориши худ навишта, ки мақомҳои Саудӣ чаҳор хостаро ба унвони пешшарти худ барои ба расмият шинохтани Исроил матраҳ кардаанд. Ин хостаҳо шомили ҳақ доштан ба барномаи ҳастаӣ сулҳомез, густариши равобити дифоъӣ бо Иёлоти муттаҳида, тавсеаи муносиботи тиҷорӣ бо Амрико ва ҳамчунин поён додани Вашингтон ба интиқодоти худ аз Арабистон дар хусуси қатли Ҷамол Хошуқҷӣ аст. 

Ин дар ҳолест, ки вазъияти ҳуқуқи башар дар Арабистони Саудӣ дар солҳои ахир интиқодоти бисёреро дар Амрико ба ҳамроҳ дошта ва сиёсатҳои моҷароҷӯёнаи Муҳаммад ибни Салмон, мунтақидон ва мухолифони бисёре дар Кунгираи Амрико дорад. 

Бо ин ҳол ҳамчунон талошҳое барои наздик кардани Исроил ва Арабистон дар Амрико дар ҷараён аст. Сенатори ҷумҳурихоҳ Линдси Гароҳом, ду ҳафта қабл аз Риёзу Байтулмуқаддас боздид ва бо мақомҳои ду кишвар мулоқот дошт. Ў дар ин сафар таъкид карда буд бо вуҷуди ин ки узви ҳизби ҷумҳурихоҳ аст, аммо дар сурате, ки Ҷо Байден сиёсати оддисозии равобити Исроил ва Арабистонро думбол кунад, аз самими қалб аз талошҳои давлати демократ ҳимоят хоҳад кард. 

Ӯ ҳамчунин дар идома гуфт: “ман ба мақомҳои саудӣ гуфтам, ки акнун беҳтарин замон барои боло бурдани сатҳи равобит аст ва барои ин манзур Байден метавонад дар заминаи ба расмият шинохтани Исроил тавассути Риёз кумак кунад. Ин масъала метавонад ба беҳбуди муносиботи Риёз бо Вашингтон низ бианҷомад. Ман то ҷое, ки битавонам дар ин масир талош хоҳам кард.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *