Ҷузеппе Конте, нахуствазири Итолиё эълом карда маҳдудиятҳое, ки барои ҷилавгирӣ аз шуйӯъи вируси коруно дар шимоли ин кишвар гирифта шуда буд, акнун дар тамоми ин кишвар ба иҷро гузошта мешавад. Ин маҳдудиятҳо шомили мамнуъияти баргузории таҷаммӯъот ва маросимҳои умумӣ ҳам хоҳад шуд.
Конте асри душанбе, нӯҳум март, таъкид карда, ки бо саросарӣ шудани маҳдудиятҳо, фақат ба сафарҳои бисёр зарурӣ, ки имкони ба таъхир андохтанашон нест, иҷозаи тараддуд дода хоҳад шуд.
Нахуствазири Итолиё гуфта ин иқдомот, ки аз бомдоди имрӯз, сешанбе, даҳуми март, ба иҷро дарихоҳад омад, барои муҳофизат аз осебпазиртарин қишри ҷомеаи ин кишвар дар назар гирифта шудааст.
Бад-ин тартиб, Итолиё нахустин кишвари ҷаҳон хоҳад буд, ки барои ҷилавгирӣ аз шуйӯъи вируси коруно саросари хоки худро дар вазъияти шабеҳи карантини миллӣ қарор медиҳад.
Солмандон бахши бузурге аз ҷомеаи Италияро ташкил медиҳанд ва мутобиқи оморҳое, ки то кунун дар иртибот бо вируси коруно ҷамъоварӣ шуда, ин вирус барои солмандоне, ки ба вижа аз бемориҳои музмин ранҷ мебаранд, хатарноктар аст.
Рӯзи душанбе шумори ҷонбохтагони вируси коруно дар Итолиё ҷаҳиши якбора дошт ва бо сабти 97 қурбонии дигар ба 463 нафар расид.
Итолиё пас аз Чин бештарин омори мубталоён ба коруноро дорад ба тавре, ки бемории COVID-19 дар ҳар 20 минтақаи ҷуғрофиёӣ он сабт шудааст.
Ҷузеппе Конте, нахуствазири Итолиё, рӯзи душанбе, нӯҳуми март дар нутқи телевизиони аз ҳама шаҳрвандони кишвараш хост, ки дар хона бимонанд.
Ӯ ҳамчунин аз таътили ҳама мусобиқоти варзишӣ, аз ҷумла мусобиқоти футбол хабар дод.
Ҳамзамон кумитаи олимпии Итолиё гуфтааст ин вазъият дастикам то севуми апрел, ҳудуди як моҳи дигар идома хоҳад дошт.
Вируси коруно дар ҳоли ҳозир беш аз 113 ҳазор нафарро дар саросари ҷаҳон мубтало карда ва дасти кам 4 ҳазор нафар бар асари он мурдаанд.
Дар Испаниё, ки 28 нафар то кунун бар асари вируси коруно ҷон додаанд ва ҳудуди 1200 мубтало шиносоӣ шудаанд вазири беҳдошт эълом кард, ки аз рӯзи чаҳоршанбе мадориси минтақаи Мадрид дасти кам барои ду ҳафта таътил хоҳанд буд. Дар натиҷаи ин иқдом наздик ба 1 миллиону дусад ҳазор муҳассил хонанишин хоҳанд шуд.
Дар бархе кишварҳои мусулмоннишин зиддиуфунӣ кардани масоҷид ва лағви маросими мазҳабӣ дар ҷараён аст.
Дар Ирландиё режаи рӯзи суннатии Потрик лағв шуда, Исроил ҳам дастур дода тамоми мусофирони роҳии ин кишвар ду ҳафта дар карантин қарор бигиранд.
Дар Амрико бо афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси коруно ва низ омори маргумири ношӣ, раисҷумҳури он имрӯз барои гуфтугӯ дар бораи тахфифҳои молиётии эҳтимолӣ бо раҳбарони ҷумҳурихоҳи Кунгира дидор хоҳад кард.
Доналд Тромп дар айни ҳол бархе аз мудирони Уол Стритро даъват карда, ки рӯзи чаҳоршанбе барои гуфтугӯ дар бораи паёмадҳои иқтисодии густариши вируси коруно ба Кохи сафед бираванд. Бо ин ҳама паёмҳои зидду нақизе аз Кохи сафед шунида мешавад.
Вазири беҳдошти Амрико Алекс Азор гуфта вируси коруно барои Амрико мушкили дармонии бисёр бузурге аст ва ҳеҷ кас намехоҳад вахомати авзоъро камранг ҷилва диҳад.
Бо ин ҳама Тромп каме баъд аз ӯ дар ҳисоби твиттерии худ навишт соли гузашта 37 ҳазор амрикоӣ бар асари ибтило ба онфулонзои маъмулӣ мурдаанд. Ў гуфта, бар ин ҳисоб ҳеҷ чиз дар Амрико таътил нахоҳад шуд ва зиндагӣ ва иқтисод раванди худро идома хоҳад дод.
Бо вуҷуди ин паём, Тромп, ки ҳамеша талош дошта худро мудири иқтисодии муваффақе муаррифӣ кунад, ҳоло ба хабарнигорон гуфтааст, ки Амрико мисли боқӣ кишварҳои ҷаҳон бо вируси коруно ғофилгир шудааст.
Рӯзи душанбе бозори саҳом бадтарин рӯзи худро дар уфти иқтисодӣ аз замони рукуди соли 2008-и мелодӣ таҷриба кард. Суқути қимати нафт боиси уфти наздик ба 8 дарсад дар шохиси Доу Ҷонс шуд
Дар Уол стрит барои ҷилавгирӣ аз харид ва фурӯшҳои ношӣ аз ваҳшатӣ саҳомдорон, муомилотӣ саҳом барои наздик ба 15 дақиқа мутаваққиф шуд. Мушаххас нест тарҳҳои иқтсодии эҳтимолии давлати Амрико то чӣ ҳад метавонад нигарониҳои бозорро бартараф кунад.