Рубрики Хабарҳо

Талоқ дар шариати ислом

Ақди никоҳ яке аз аҳдҳое мебошад, ки Аллоҳ барои вафо карданаш амр кардааст. Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:

يا ايها الذين امنوا اوفوا بالعقود

Эй шахсоне, ки имон овардаед, ба аҳдҳои худ вафо кунед. (сураи Моида ояти 1)

Ақди никоҳ аз муҳимтарин ақдҳое мебошад, ки байни ду нафар баста мешавад. Аллоҳ ақди никоҳро дар китоби худ Паймони муҳкам ном бурдааст. Аллоҳ мегӯяд:

واخذنا منكم ميثقا غليظا

Мо аз шумо ҳангоми никоҳ паймони муҳкам гирифтем, ки бояд ба он паймон вафо намоед.(сураи Нисо ояти 21)

Оре, ақди никоҳ паймони муҳкам аст, паймонест, ки бо он оила бунёд мешавад, чашму нафси инсонро аз олудагӣ ба гуноҳ боз медорад, кӯдакон ба дунё меоянд, нафси инсон оромиш пайдо мекунад.

Шариати ислом барои бардавому пойдор мондани никоҳ ва вайрон нашудани оилаҳо қонунҳои худро гузоштааст, ки агар он қонунҳо ба хуби риоят шавад, хатари вайрон шудани оила ба маротиб кам мегардад.

Аллоҳ шавҳаронро амр мекунад, то  қадри тавон ба хатогиҳои ҳамсари худ сабр кунанд. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:

لا يفرك مؤمن مؤمنة ان كره منها خلقا رضي منها اخر

Ягон шавҳари мусалмоне, зани мусалмонашро бад набинад, агар ягон рафтори ҳамсараш ба ӯ писанд наояд, албатта рафтори дигаре дар ҳамсараш вуҷуд дорад, ки ӯ розӣ мегардад. (Муслим)

Инчунин Паёмбар ба мардҳо хабар додаанд, ки зан аз қабурғаи каҷ офарида шудааст, хоҳу нохоҳ ба табиати офаринишаш нигоҳ карда аз ӯ баъзе кӯтоҳӣ сар мезанад, ба ҷои шитоб дарвозаҳои талоқро кӯфтан бояд барои ислоҳи зан кӯшиш кунанд.

Ақди никоҳ бо калимаҳои Илоҳӣ баста мешавад, бояд ба калимаҳои Илоҳӣ эҳтиром гузошт. Паёмбар мегӯянд:

اخذتموهن بامانة الله و استحللتم فروجهن بكلمة الله

Шумо занҳоро, ҳамчун амонати Аллоҳ соҳиб гаштаед ва наздикӣ ба занҳо бо калимаҳои Илоҳӣ барои шумо ҳалол шудааст. (Саҳеҳи Муслим)

Шариат шавҳаронро амр мекунад, то дар баробари кӯтоҳӣ кардани ҳамсаронашон зуд ба талоқ роҳ надиҳанд, балки аввал роҳи насиҳатро пеш гиранд, аз охирату оқибатҳои бади саркашиву якравиро ба  ӯ ёдовар шаванд. Чӣ қадар нафарони зиёде ҳастанд, ки бо панду насиҳат ислоҳ мегарданд.

Вақте саҳобии киром Зайд ибни Ҳориса аз  беэҳтиромии ҳамсарашон ба Паёмбар шикоят мебаранд, Паёмбар ба Зайд мегӯянд, дар баробари хатогиҳои ҳамсарат сабр кун ва талоқро фикр накун. Паёмбар мудом Зайдро ба сабр даъват мекунанд,то ин ки худи Аллоҳ аз болои ҳафт табақаи Осмонҳо ба Паёмбар амр мекунад, ки ҳаёти Зайд бо ҳамсараш ҳаёти пойдор шудани нест ва метавонанд ба Зайд иҷозат диҳанд, то ҳамсарашро талоқ диҳад.

Шариат барои шавҳар иҷозат медиҳад, то барои ислоҳи ҳамсараш муддате бо ӯ қаҳр шавад, аз ӯ ҷудо хоб равад ва агар илоҷи дигарро наёфт, ҳамсарашро танбеҳ кунад.

Инчунин барои он, ки дарҳои талоқ боз нагардад, Шариат занҳоро амр месозад, то пас аз ибодати Парвардигор итоати шавҳарони худро кунанд. Дар баробари камбудиҳои шавҳар зуд талаби талоқ накарда, ба шавҳар сабр кунанд. Шариат эълон мекунад, зане, ки ибодати Аллоҳро карда, ризогии шавҳарашро ёбад, дохили Ҷаннат мегардад. Паёмбар мефармоянд:

اذا صلت المراة خمسها و اطاعت بعلها قيل لها ادخلي الجنة من اي ابواب الجنة شئت

Агар зан панҷ вақт намозашро хонад ва итоати шавҳарашро кунад, ба ӯ гуфта мешавад: Аз кадом дарвозаи ҷаннат, ки хостӣ дохил шав. (Муснади Аҳмад)

Инчунин Шариат барои занҳое, ки дар камтарин нофаҳмиҳо аз шавҳари худ талаби талоқ мекунанд, ваъидҳои шадид додааст. Паёмбар мегӯянд:

ايما امراة سالت زوجها طلاقا من غير ما بأس فحرام عليها رائحة الجنة

Кадом зане, ки бесабабҳои ҷиддӣ аз шавҳараш талаби талоқ кунад, барои он зан ҳатто бӯи Биҳишт ҳаром аст. (Абудовуд)

Аммо агар зану шавҳар тамоми роҳҳои якдигарфаҳмиро пеш гирифтанду боз ҳам нашуд, дар ин ҳангом Шариат иҷозат медиҳад, то аз ҳамдигар ҷудо шаванд. Дар баробари ҷоиз будани талоқ дар шариат бояд бидонем, ки талоқ бадтарин ҳалол аст, на Аллоҳ ва на Расулаш онро дӯст намедоранд. Дар ҳадиси Абудовуд омадааст, ки Паёмбар мегӯянд:

ابغض الحلال عند الله الطلاق

Бадтарин ҳалол дар назди Аллоҳ, талоқ аст.

Чаро талоқ бадтарин ҳалол набошад, дар ҳоле, ки талоқ сабаб мегардад, як оила пош хӯрад. Ду нафар, ки бо калимаҳои Илоҳӣ ҳамдаму ҳамрози ҳамдигар гашта буданд, душману бадхоҳӣ ҳамдигар мегарданд, Махсусан дар ҷомеаи мо, ки пас аз талоқ ҳамчун ҳайвонҳои дарранда ба ҷони ҳам ҳамла мекунем. Ягон дуои баду ягон дашноме дар рӯи олам намемонад, ки нисбати якдигар нагӯйем.

Инчунин, талоқ сабаб мегардад, фарзандан мисли парандагони болшикаста гарданд. Яке аз ду паноҳгоҳи худ қуввати дили худ, хонаи амони худро аз даст диҳанд. Бо талоқ гирифтан шояд марду зан боз соҳиби оилаи нав гарданд ва дардҳои гузаштаро, то ҳадде фаромӯш созанд, аммо кӯдаки бечора ёди падару модари аслии худ, оилаи пештараи худро то дами марг мебарад.

Аз инҷост, ки бадтарин ҳалол дар назди Холиқи оламиён талоқ мебошад.

Аммо агарчӣ бадтарин ҳалол бошад, ҳам Шариат талоқро иҷозат медиҳад, то ин ки яке аз ҳамсарон қурбони азобу исёни дигаре нагардад. Агар зан, саркашу ислоҳ нашудани бошад ва ба ҷуз бадбахтӣ овардан ба сари шавҳар кори дигареро анҷом надиҳад, шавҳар бо талоқ додани зан аз шарри ӯ наҷот меёбад.

Баръакси ин, агар шавҳар бадахлоқу бемурувват бошад, майзадаву аз худо бехабар бошад ва ба ҷуз он ки номаш шавҳар аст, ягон кореро ба ҳамсараш анҷом надиҳад, илова бар ин ҳамеша бо бадии худ болои зану фарзандон балоҳоро орад, шариат иҷозат медиҳад, то бо талоқ гирифтан зани бечора худро аз асорати ин ноҷавонмард озод кунад.

Аммо, чигуна талоқ дода аз ҳам ҷудо шудан, кори дасти мардум нест. Ҳар кас ба табъи худ нигоҳ карда талоқ дода наметавонад. Талоқ ва аҳкомҳояш бояд тавре, ки Аллоҳу Расул баён кардаанд, анҷом шавад. Талоқ чизе нест, ки ба урфу одатҳои мардум нигоҳ карда анҷом шавад, балки талоқ амрест, ки танҳо бо далелҳои шаръи аҳкомаш иҷро мегарданд.

Агар шахси мусалмон аз рӯи шариат ба гуфтаи Аллоҳу Расулаш нигоҳ карда аз ҳамсараш ҷудо шавад, мушкилиҳои пас аз талоқ рух медода, ба маротиб кам мешавад, ва барқарор кардани муомила бо оилаи пештарааш осонтар мегардад.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *