Рубрики Хабарҳо

Ноҳияи Данғара ба вилояти Сомон табдил мешавад?

Дар назар аст,  то 30 солагии истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне  соли 2021 ноҳияи Данғара, зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмонов бояд ба вилоят табдил ёбад. Номаш ҳам аллакай муайян шудааст- Вилояти Сомон, маркази маъмурияш шаҳри Данғара.

Дар ин бора пойгоҳи таҳлилии Ислоҳ бо такя ба манобеаш хабар додааст.

Тибқи манбаъ раиси ин ноҳия, Исломиддини Нуриддин, писари бародари Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукуматии шаҳри Данғара хабар дода, ба кормандони тамоми соҳаҳо фармон содир намудааст, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе бояд ҳама корхонаҳо кор кунанд. Шахсе аз кор дар рӯзҳои истироҳат сарпечӣ кунад, аризаи аз кор рафтанашро дар ҳол таслим кунад.  

Ӯ гуфтааст: “Агар ба занги телефон раиси корхона ҷавоб надиҳад, ӯ ҳам бояд аризаашро навишта, курсиро холӣ кунад. Ҳар касе гӯяд, ки ман мехоҳам дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе истироҳат  мекунам, бояд аризаи рафтан аз корашро бидуни ҳеҷ баҳонае нависад. ва таъкид ҳам кардааст, ки ин амраш ҷиддӣ аст”

Амри ҷиддии Исломиддини Нуриддин ба кори иҷборӣ дар рӯзҳои истироҳат дар ҳолест, ки тибқи талаботи Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаҳрванд ҳаққи истироҳат дорад ва ҳеҷ касе ҳаққи иҷборан ба кор ҷалб намудани шаҳрвандонро надорад.

Илова бар ин Исломиддини Нуриддин ба раисони ҷамоатҳо ва корхонаву ширкатҳои давлатии воқеъ дар Данғара фармон додааст, ки “ҳар роҳбаре, ки дар ҳудуди ноҳия ифои вазифа мекунад,  бояд панҷ сарбоз ба комисарияти ҳарбии ноҳия супорад. Агар насупорад, барояш сараввал танбеҳ дода мешавад ва дар ҳолати то охири мавсим иҷро накардани амр, вазифаи давлатиро аз даст медиҳад”.

Исломиддини Нуриддин таъкид кардааст, ки “Нақшаи ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ  бояд то охири моҳи апрел ҳатман пурра иҷро гардад”.

Хабари расонаӣ шудани табдили ноҳияи Данғара ба вилояти Сомон дар ҳолест, ки чандин коршиносон гуфта буданд, бинобар сохти давлатдории Тоҷикистон унитарӣ будан ва ҳам ба хотири сода гардонидани сохти идоракунии давлатӣ бояд тамоми вилоятҳо барҳам дода шаванд.

Муҳиббуллоҳ Қурбон, коршиноси тоҷик ҳанӯз дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар соли 2010 гуфта буд, дар сурати барҳам додани вилоятҳо, маблағи буҷаи кишвар як баробар сарфа мешавад. Ба бовари ӯ идоракунии давлат низ дар ин ҳолат сода хоҳад шуд.

Салоҳияти вилоятҳо ба ноҳияҳо дода мешавад ва салоҳияти ноҳияҳо ба ҷамоат. Салоҳияти ҷамоат ба маҳал. Бо ин ҳол мардум масъалае, ки бояд дар вилоят ҳал кунад дар ноҳияи худ ба сомон мерасонад. Ва масъалае, ки бояд дар ноҳия ҳал шавад, дар ҷамоати деҳот ҳал хоҳад. Масъалаҳое, ки дар идораи ҷамоати деҳот ҳал мешавад, дар худи деҳа ё маҳал ҳалли худро меёбад. Дар натиҷа мардум низ аз сарсонӣ ва ҳам аз идора ба идора гаштан наҷот меёбад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *