Тиӣқи иттилоъи департаменти иттилоъии Паймони миллии Тоҷиикстон, имрӯз, 29.04.2019, як ҳайати Паймони миллӣ бо раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бо мақомоти Норвегия дар Осло дидор ва гуфтугӯ кард.
Дар ин мулоқот вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла поймолшавии ҳуқуқи башар, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия, саркубиҳои соли 2015 ва натоиҷи бастани ҲНИТ, зиндониёни сиёсӣ, мубориза ба ифротгароӣ ва терроризм баҳсу баррасӣ шуд.
Сиёсатмадорон ва коршиносони норвегӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро хеле нодир хонда, таъкид карданд, ки ҳифзи дастовардҳои сулҳ метавонист дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон нақши калидӣ бибозад, аммо даст кашидан аз сулҳ боиси он гашт, ки номи Тоҷикистон дар сархати кишварҳои ақибмонда ва саркубкунанда дар сатҳи ҷаҳон қарор бигирад.
Раҳбари Паймони миллӣ ба ҳамсуҳбатони худ барномаҳо ва дидгоҳҳои Паймонро нисбати ояндаи кишвар шарҳ дод. Инчунин, тарафҳо вазъи муҳоҷирини тоҷик дар Аврупо, раванди интегратсия ва роҳҳои пешгирӣ аз афкори тунди сиёсӣ ва мазҳабӣ табодули назар карданд.
Ҳамчунин зимни ин сафар ҳайати ПМТ бо раҳбарияти Кумитаи Норвегии Ҳелсинкӣ дар шаҳри Осло дидор ва гуфтугӯ кард.
Раҳбари ПМТ-ро Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Ассотсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва узви Шӯрои раҳбарии ПМТ ва Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии Паймони миллӣ дар ин сафар ҳамроҳӣ карданд.
Ҳайат ҳамчунин аз дафтари Ҷоизаи сулҳи Нобел дар шаҳри Осло дидан кард.