ҲНИТ ҳамлаҳои террористӣ ва маргбори ахир дар маҳаллаи гардишгарӣ ва пуриздиҳом дар маркази шаҳри Барселонаи Испанияро, ки мунҷар ба кушта шудани 13 нафар ва захмӣ шудани даҳҳо тани дигар гардид, шадидан маҳкум намуда, таслият ва ҳамдардии хешро ба давлат ва миллати Испания иброз медорад.
Ин ҷинояти хунин ва амали террористӣ муғоир ба омузаҳои дини ислом ва арзишҳои инсонӣ буда, террористҳо бо ин корашон мехоҳанд таҳаммулпазириву дигарпазирӣ ва ҳамзистии мусолиматомези ҷомеаи Испанияро халалдор кунанд, аммо онҳо ҳечгоҳ ба аҳдофи шуми худ нахоҳанд расид.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин вақти душвор дар канори миллат ва давлати Испания буда, барои хонаводаҳо ва бозмондагони қурбониёни ин ҳамла сабру бурдборӣ ва барои маҷруҳин шифои оҷилу комилро таманно дорад.
Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ
18.08.2017