Фардо 4 май, дар Женева, Кумитаи зидди шиканҷаи СММ баррасии гузориши Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо шиканҷаро оғоз хоҳад кард.
Дар ин бора рӯзи 3 май Эътилофи зидди шиканҷа хабар дод.
Баррасии ҷой доштани шиканҷа дар мақомоти интизомии Тоҷикистон аз 4 то 7 май баргузор мешавад. Тибқи барнома, фардо, рӯзи ҷумъа ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар муколама бо аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар заминаи амалишавии ӯҳдадориҳои кишвар дар баробари Эъломияи зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона гузориш хоҳанд дод.
Ҳайате иборат аз додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати кафолати ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода, муовини аввали вазири умури дохилӣ Аламшо Аламшозода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Илҳом Маҳмудзода, муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Умарзода ва ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализодадар ин ҷаласаи 4 рӯза иштирок мекунанд.
Дар Тоҷикистон бадрафтории маъмурони милиса ва ё латту кӯби боздоштшудагон пайваста аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва матбуоти мустақил матраҳ ва расонаӣ мешавад. Ба унвонии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон танҳо дар се моҳи соли 2018 — 16 нафар аз рафтори мақомоти интизомӣ ва бахусус маъмурони милиса шикоят кардаанд.