Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 18 сентябр роҳии Амрико шуд. Қарор аст Раҳмон дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ — ИМА” ширкат кунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон . Хадамот аксе нашр накарда, аммо «Ховар» қадимии Раҳмонро нашр кардааст ва маълум нест ӯ бо ҳавопаймои хусусиаш роҳии Амрико шуд ё бо ҳавопаймои «Сомон Эйр».
Ба гуфтаи манбаъ дар ин сафар Раҳмонро вазири корҳои хориҷа, ёрдамчии раисҷумҳур оид ба равобити хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ — ИМА (С5+1) қарор аст 19 ё 20-уми сентябр дар Амрико баргузор шавад.
Ҳамчунин, қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ кунад ва аз 18 то 21 сентябр дар Амрико хоҳад монд.
Ба гуфтаи Ҷейк Салливан, мушовири раисҷумҳури ИМА оид ба амнияти миллӣ, мулоқоти Ҷо Байден бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ алайҳи ҳеҷ кишваре .
“Ин нахустин нишасти президентӣ ба раҳбарон имкон медиҳад, ки як қатор масъалаҳоро, аз амнияти минтақавӣ то тиҷорат ва пайвастшавӣ, тағйирёбии иқлим ва ислоҳоти ҷорӣ барои беҳбуди идоракунӣ ва волоияти қонун баррасӣ кунанд”, — гуфтааст Салливан.
Ба гуфтаи ӯ C5+1 соли 2015 оғоз шуда, дар солҳои минбаъда қавитар шуд: “Ва ҳоло мо бори аввал мулоқотро дар сатҳи роҳбарият мебинем”.
“Ҳадафи ин нишаст зидди ҳеҷ кишваре нест. Гап дар бораи як барномаи мусбат аст, ки мо мехоҳем бо ин кишварҳо ҳамкорӣ кунем”, — таъкид кард ӯ.
Мушовири Байден қайд кард, ки дар пайи ин нишаст тасмим гирифта мешавад, ки як изҳороти муштарак бо мушаххас кардани самтҳои кори муштарак қабул шавад.