Рубрики Хабарҳо

Муҳоҷирони ғайриқуонуниро бо усули нав меҷӯянд

Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи қонунеро омода кардааст, ки тибқи он муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба воситаи системаҳои иттилоотӣ ҷустуҷӯ ва пайдо карда хоҳанд шуд. 

Тавре хабаргузории русии ТАСС бо истинод аз департаменти иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ медиҳад,  «дар лоиҳаи қонун истифодаи густарда аз имконоти системаҳои муосири иттилоотӣ ва абзорҳои махсуси ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ пешбинӣ шудааст.”

Гуфта мешавад, Дар лоиҳаи системаи нави иттилоотӣ тағйироти мунтазами механизмҳо ва режимҳои муҳоҷират, аз ҷумла усулҳои назорат аз болои шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, дар лоиҳаи қонун ҷорӣ намудани шартномаи вафодорӣ, феҳристи корфармоёни бевиҷдон, инчунин даъват ва қабули шаҳрвандони хориҷӣ барои кор ва дигар самтҳои назоратӣ пешбинӣ шудааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *