Укроин умедвор аст то поёни поиз ҷангро миҳор кунад, дар ғайри ин сурат ин хатар вуҷуд дорад, ки Русия зерсохтҳои гармӣ ва энерҷии ин кишварро нобуд кунад.
Владимир Зелеснкий, раисҷумҳури Укроин дар тозатарин суханронии видеоии худ ибрози умедворӣ кард, ки саҳнаи ҷанг то поёни пойиз тағйир кунад ва даргириҳо ба шакли умда поён ёбад. Ў аз сокинони манотиқе, ки ба ишғоли Русия даромадаанд хост муқовамат кунанд ва “иттилоъоти душман ва ҳамдастонош”-ро аз тариқи каналҳои амн ба нерӯҳои мусаллаҳи Укроин бирасонанд.
Зеленский муҷаддадан хостори кумаки таслиҳотии кишварҳои дигар шуд ва гуфт ин кумакҳо ҳар чӣ қотеътар бошад, ҷанг зудтар поён меёбад. Рӯйи сухани ӯ бо вузарои дифоъи 12 кишвар, аз ҷумла Олмон будааст, ки дар Копенгаген, пойтахти Дания, дар мавриди ҳимояти низомӣ ва молӣ аз Укроин ройзанӣ мекунанд.
Андрей Ермак, раиси дафтари риёсатҷумҳурии Укроин низ таъкид кард, ки ҷанг бояд ба фаврият ва қабл аз шурӯъи фасли сармо поён ёбад, дар ғайри ин сурат ин хатар вуҷуд дорад, ки Русия зерсохтҳои гармӣ ва энерҷии Укроинро нобуд кунад. Ермак гуфт: “ин яке аз далоиле аст, ки мо мехоҳем ҳадди аксари талошҳоро барои поён додан ба бахши фаъоли ҷанг то поёни поиз анҷом диҳем.”
Ба гуфтаи Зеленский тӯли муддати ҷанг ба хисороте бастагӣ дорад, ки Русия мутаҳаммил мешавад. Зеленский бар ин бовар аст, ки ҳар чӣ талафоти ишғолгарон бештар бошад, сареътар метавон Укроинро озод кард ва ин ба навбати худ ба кӯмаки низомӣ ба Укроин бастагӣ дорад.
“Русҳо аз Укроин фирор хоҳанд кард”
Бар асоси гузоришҳо аз Укроин шомгоҳи чаҳоршанбе ду инфиҷор дар шаҳри Мелитопол дар ҷануби ин кишвар рух дод, ки дар ҳоли ҳозир дар контроли нерӯҳои русӣ аст. Бинобар ҳамин манобеъ роҳҳои дастрасӣ ба мақари полиси маҳаллӣ масдуд шудаанд. Манобеъи русӣ инфиҷорҳоро “оташи зидди ҳавоӣ” донистаанд. Ҳеҷ гузориши мустақиле дар ин маврид вуҷуд надорад.
Зеленский ибрози умедворӣ кардааст, ки бо идомаи ҳамалоти Укроин “ишғолгарони рус ба зудӣ фирор кунанд”. Ў гуфт: “онҳо пешопеш эҳсос мекунанд, ки замони фирор аз Херсон ва ба таври куллӣ аз ҷануби кишвари мо фаро расидааст. Замоне хоҳад расид, ки онҳо аз минтақаи Харков, аз Донбасс ва аз Крим низ фирор хоҳанд кард.”
Бо ин ҳол ҳамалоти Русия ба Бахмут дар минтақаи Донбасс дар шарқи Укроин ва пешравии нерӯҳои ин кишвар зери ҳимояти оташи сангини тӯпхона идома дорад. Дафтари додситонии кулли Укроин дар баёнияе эълом кард, ки ҳафт ғайринизомӣ рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Бахмут кушта ва шаш нафар маҷрӯҳ шудаанд. Гуфта мешавад мағозаҳо ва апортумонҳо низ дар асари ҳамалоти Русия осеб дидаанд.
Бахмут дар Донетск ба ин тартиб дар минтақаи санъатии Донбасс қарор дорад, ки артиши Русия мехоҳад онҷоро ба таври комил фатҳ кунад. Барои артиши Русия Бахмут як ҳадафи калидӣ дар пешравии онҳо ба самти манотиқи марказии Укроин аст.
Хадамоти ёрии таъҷилии шаҳри Донетск, ки аз соли 2014 тавассути ҷудоиталабони тарафдори Русия контрол мешавад, гузориш дода, ки як корхонаи обиҷавсозӣ ҳадафи ҳамалоти артиши Укроин қарор гирифтааст. Як нафар кушта ва ду нафар захмӣ шудаанд.