Боришоти зиёди борон дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон, ки обхезӣ дар пай доштааст, талафоти ҷонӣ ба бор овардааст. Ҳамчунин беш аз 100 манзили сокинон зарар дидаанд.
Мақомоти ноҳияи Худосон аз ҷон бохтани сокини 18-солаи деҳаи Бандари ҷамоати Қизилқалъа Меъроҷиддин Набиев хабар медиҳанд, аммо сойти “Ахбор” навиштааст ҳади ақал се сокини ин ноҳия ҷон бохтаанд. Ду нафари дигар бедарак буда, маълум нестсел дар тақдирашон нақш доштааст, ё бо сабаби дигаре аз худ то ҳол дарак надодаанд.
Дар ин ноҳия, тибқи гузоришҳо ҳудуди 20 хонаву манзили сокинон ҷиддан осеб дидаанд.
Тибқи иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бар асари боронгариҳои 1-уми июн дар ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳудуди 70 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон тахриб шуда ва таҳхонаҳои 8 манзили сокинони ин маҳал зери об мондааст. Ин ниҳод гуфтааст селхезӣ дар ин ноҳия талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.
Дар деҳаи Навободи ноҳияи Кушониён бошад ҳудуди 30 хоҷагӣ зарар дидаанд. Сокинон гуфтаанд, баландии селу об дар деҳаи Меҳнатобод ва шаҳраки Қизил-қалъа то 1 метр мерасид, ки дар натиҷа аз тирезаҳо ва дару девори сокинон ба дохили хонаҳо даромада як чанд хонаҳои сокинони ин маҳалро нимвайрон кард ва чорвоҳояшон дар даруни оғил фавтиданд.
Аз он тарафи дарёи Вахш бошад дар даҳаи Навободи ноҳияи Кушониён бар асари обхезӣ ва шамолу тундбод чор хонаи сокини маҳал ва заминҳои кишт осеб дид. Инчунин тахмин 80 гектар заминҳои пахта зери об монданд.
Бар асари сел роҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа ва роҳи Шаҳритӯз тахминан 2 соат баста шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода иттилоъ додааст, ки ба ноҳияҳои селзада 8-9 нафарӣ кормандонии кумита сафарбар шудаанд.