Мувоини вазири фарҳанги Тоҷикистон Назариён Обид, мӯътақид аст, 90 дарсади донишҷӯён дар “маршировка”-ҳо ихтиёран ширкат мекунанд.
“Ман аз таҷрибаи худам мегуям, ки бо донишҷӯён ҳамроҳ дар ин маршировкаҳо иштирок мекунам, то ҳол, ман аз ягон ҷавон ҳеҷ як калимаи қабеҳ ё норозигӣ нисбати давлат, миллат ва чунин чорабинӣ нафаҳмидаам. Баръакс ҷавонон ба наздам меоянд мепурсанд кай маршировкаҳо шурӯъ мешаванд, то ки иштирок намоем”,- гуфт муовини вазир дар нишасти матбуотии вазорат, ки имрӯз, 6 феврал баргузор шуд.
Муовини вазири фарҳанг зикр ба ин назар аст, ки иштирок дар чорабиниҳои давлатӣ ба таҳсили донишҷӯён халал намерасонад.
“Қаблан вазорати фарҳанг ва маориф бо ҳамаи ректорҳои донишгоҳҳои кишвар суҳбат доштем ва пешниҳод кардем, ки бигзор ҷавонон таҳсили худро идома диҳанд ва танҳо баъд аз дарс онҳо метавонанд дар ин чорабиниҳо иштирок кунанд”, – таъкид дошт Назариён Обид Одилзода.
Ба андешаи муовини вазир “баъзе нофаҳмиҳо”, ки қаблан вуҷуд доштааст, бартараф шуда “тақрибан 90 дарсади донишҷӯён” хоҳишманди иштирок дар ин гуан чорабиниро ҳастанд.
“Мо дар суҳбат бо муҳассилин ҳамеша таъкид мекунем, ки иштирок дар ин чорабинӣ ихтиёрӣ аст”, – гуфт Назариён. Аммо донишҷӯён ихтиёран “маршировка”-ро ба дарс тарҷез медодаанд.
Назариён ҳамчунин гуфт, ки баъзе донишҷӯён дар “маршировка” “ишқи худро пайдо мекунанд ва аз он бисёр хушҳоланд. Ӯ ҳатто таъки кард, ки дк нафаре, ки ҳамдигарро дар “маршировка” пайдо кардаанд, ба наздаш омада аз ӯ изҳори миннатдорӣ кардаанд