Рубрики Хабарҳо

Воридот дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст

Дар Тоҷикистон содирот камтар ва воридот бештар мешавад. Воридоти молҳо нисбат ба содироти онҳо беш аз се маротиба бештар аст.

Тибқи маълумоти Агентии омори кишвар, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ воридоти молҳо  

беш аз $1 млрд 15 млн.-ро ташкил додааст. Содироти молҳои Тоҷикистон бошад дар ин муддат ҳамагӣ ба маблағи $320 млн. будааст, ки нисбат ба воридот 3,2 маротиба камтар аст.

Дар январ-апрели соли ҷорӣ Тоҷикитсон воридоти молҳоро ба маблағи

$51 млн афзоиш додааст, ки 5,3% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аст. Содирот бошад ба маблағи  $12 млн ё 3,6% камтар шудааст.

Ҳаин тавр тавозуни савдо манфӣ буда, $695 млн.-ро ташкил додааст.

Дар умум тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 4 моҳи соли ҷорӣ беш аз $1,3 млрд-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,1% ё ҳудуди $40 млн бештар аст.  

Тоҷикистон дар ин давра бо 97 кишвар доду гирифт кардааст.

Шарикони аслии тиҷории кишвар ҳамоно Русия (ҳаҷми савдои дуҷониба $332 млн), Қазоқистон ($277) ва Чин ($180 млн) боқӣ мемонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *