Набимуҳаммад Хоркашов, варзишкори номии Тоҷик, ки Кумитаи ҷавонон ва варзиши кишвар гуфта буд, барои сафарбарии ӯ ба мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба самбо пул надорад, барои Тоҷикистон медали нуқра овард. Бо вуҷуди он ки дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш медонистанд шоми имрӯз ин варзишкори маъруф ба Ватан бармегардад, вале ба ҷуз надикону пайвандонаш дигар чеҳраҳои расмии варзишӣ дар назди фурӯдгоҳ ба назар намерасанд.