Пас аз чанд моҳи даргирии сангин, гурӯҳи низомии аҷири Вагнер, ки дар канори нерӯҳои русӣ дар шарқи Укроин меҷангад, рӯзи чаҳоршанбе муддаӣ шуд, ки тамоми бахшҳои шарқи Бахмутро тасарруф кардааст.
Сармуншии НАТО ҳушдор дод, ки кулли шаҳр эҳтимолан дар чанд рӯзи оянда суқут хоҳад кард ва онро нуқтаи атф барои артиши Русия хонд.
Нерӯҳои укроинӣ, ки ба назар мерасад барои ҷилавгирӣ аз талафотӣ бештар аз ин шаҳр ақибнишинӣ хоҳанд кард, акнун мегӯянд, ки то охирин лаҳза аз шаҳр дифоъ хоҳанд кард. Ба гуфтаи мақомоти низомӣ ва сиёсии укроинӣ, ҳадафи онҳо аз тӯлонӣ кардани набард, афзоиши талафот ва коҳиши тавони низомии нерӯҳои русӣ дар Бахмут аст.
Владимир Зеленский рӯзи сешанбе ба СНН гуфт, ки Русия барои тақвияти рӯҳияи нерӯҳояш ба пирӯзӣ дар Бахмут ниёз дорад.
Сухангӯи артиши Укроин рӯзи чаҳоршанбе гуфт: “душман ба рағми таҳаммули талафоти боло, ба юриши худ болои шаҳраки Бахмут идома додааст.”
То ҳанӯз манбаъи мӯътабаре иддаои тасарруфи шарқи Бахмутро таъйид накардааст. Аммо, агар таъйид шавад, ин нахустин пирӯзии нерӯҳои русӣ барои тасарруфи як минтақа дар чанд моҳи гузаштааст, ки бо талафоти инсонӣ ва сарфи манобеъи зиёди низомӣ ба он даст ёфтааст.
Йенс Столтенберг, сармуншии НАТО, дар Маҷлиси вазирони дифоъи Иттиҳодияи Аврупо дар Стокголм гуфт, ки Русия барои тасхири Бахмут нерӯҳои бештареро вориди майдони набард кардааст. Ба гуфтаи ӯ, суқути Бахмут барои Русия як нуқтаи атф аст ва набояд афзоиши тавони низомии Русия дар набард бо Укроинро дасти кам гирифт.
Русия эълом кардааст, ки тасхири Бахмут гоми дигар ба сӯи гирифтани контроли комили минтақаи санъатии Донббас аст, ки шомили ду вилояти Донетск ва Луганск мешавад.