Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо интишор як хабар ҳушдор додааст, ки воридкунандагони маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба Тоҷикистон боздошт ва муҷозот хоҳанд шуд.
Бинои ба иттилои ин вазорат, «кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшанро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 7 ҳазору 840-дона маводи тарфгарии намуди “Трения” дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи 1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.»
Бар асоси моддаи 199, иловаи 1, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ дар Тоҷикистон воридкунандагони маводҳои тарфгариро аз 12 то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду соли зиндон таҳдид мекунад.
Бо наздик шудани оғози соли нави тақвимӣ (мелодӣ) дар Тоҷикистон воридоти ғайри қонунии маводҳои тарфгарӣ меафзояд.