Мақомот ҷои холимондаи мухолифинро пур карданд
Муҳидди Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дирӯз зимни гуфтугӯи мустақимаш бо мардум, ки аз канали расмии ПМТ нашр шуд гуфт, як моҳи охир масъулини Паймон натавонистанд фаъолияти расонаӣ дошта бошанд, аммо худи мақомот ва тарафдоронашон ҷои онҳоро пур карданд.
Ӯ аз ҷашни 46 солагии ҲНИТ ва вохӯрии масъулини ПМТ бо дипломатҳои Аврупо, мақомоти Норвеж ва ёдоварӣ кард, ки боис шуданд фаъолияти расонаии Паймон камрангтар шавад. Кабирӣ ҳамчунин тазаккур дод раҳбарияти Паймони миллӣ мулоқоти муҳиме бо намояндагони 12 кишвари аврупоӣ ва Амрикои шимолӣ дар Вена, пойтахти Утриш анҷом додаанд, ки масоиле мубраме чун вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ояндаи он баҳс шудаанд.
“Дар ин моҳе, ки мо бештар машғули мулоқотҳои дипломатӣ ва байналмиллалӣ будем ва чун маъмулан фаъолияти Паймон миллӣ бештар ба Тоҷикистон равона шудааст, рӯйдодҳои аҷибе ба вуқӯъ пайваст, ки ин ҷоро холӣ нагузоштанд. Фаъолияти оппозитсионии Паймони миллӣ тақрибан ба мақомоти расмӣ ва тарафдоронашон гузашт”, — қайд кард раҳбари ПМТ.
Аз ҷумла ӯ мулоқоти раисҷумҳур бо сохторҳои фискалӣ — гумрук, андоз, додситонӣ, бонки миллӣ ва ғайраро зикр намуд, ки ба нафъи мухолифину мардум ва бар зарари худи ҳукумат анҷом шуд. Ҳарчанд ҳукумат мехост баръакс бошад.
Кабирӣ гуфт “кор то ҷое расид, ки баъзе аз тарафдорони раисҷумҳур мақолаҳое навиштанд ва бо лаҳни бисёр ошкор ва бо далел ишора карданд ва бонги хатар заданд, ки “дигар чунин зиндагӣ карда намешавад”. Ин ҳарфи мухолифини маъмулӣ, намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ё ашхсиятҳо ва коршиносони мустақил нест. Ин ҳарфи дили касоне аст, ки маъмулан аз раисҷумҳур тарафдорӣ мекунанд”.
Раиси ҲНИТ гуфт ҳукумат ва тарафдоронаш имрӯз ҳарфҳоеро мегӯянд ва ҳатто бо ҳамон чумлаву ибораҳо, ки мо 10 сол пештар мегуфтем, ҳизбҳои сиёсӣ, рӯзномнигорон, мунаққидон ва коршиносон мегӯянд. “Аммо мисли гузашта мунаққидон ва онҳоеро, ки чашми миллатро боз кунанд хоину ватанфурӯш меноманд”.