Рубрики Хабарҳо

“Ин хун, хуни фарзандони саҳрост”. Вокуниши Масъуд ба кушта шудани фармондеҳони Ҷабҳа

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати милли ба кушта шудани Хайрмуҳаммад Хайрхоҳи Андаробӣ, фармондеҳи аршади ин ҷабҳа ва афродаш дар набард бо Толибон дар Андароб, дар қолаби шеър вокуниш нишон дод. 

Аҳмад Масъуд дар твитте навишт: “дар ин сармо, гурусна, захмхӯрда, давем осемасар бар барф чун бод, ва лекин иззати озодагиро нигаҳбонем, озодем, озод” 

Ҷабҳаи муқовимат дар эъломияе гуфтааст, ки Хайрмуҳаммад Хайрхоҳ ва Ғозӣ Муродӣ, ду фармондеҳи аршади ин ҷабҳа пас аз тамом шудани муҳиммот ҳамроҳ бо афродашон кушта шуданд. 

Ин ҷабҳа аммо ҷузиёт надодааст, ки чӣ теъдод аз афродаш дар набарди Андароб кушта шудаанд. 

Пештар, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълом карда буд, ки гурӯҳи Толибон бар мавозеъи ин ҷабҳа дар Андароб ҳамла карда ва набарди сангине ҷараён дорад. 

Манобеъ дар дохили Толибон ба Афғонистон Интернэшнл гуфтаанд, ки ҳудуди 20 узви Ҷабҳаи муқовимат ба шомили чаҳор фармондеҳи дигар ин ҷабҳа дар ин даргирӣ кушта шудаанд. Аммо як манбаъ наздик ба Ҷабҳаи муқовамат теъдод талафоти ин ҷабҳа 15 нафар эълом кард. 

Бархе манобеъи маҳаллӣ гуфтанд, ки дар ин даргирии “сангин” ҳудуди 30 нафар аз афроди Толибон ҳам кушта шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *