Дафтари матбуотии раисҷумҳур аз гуфтугӯи телефонии ӯ бо муовини Сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Қубодиён хабар дода, ки захираи хӯрокворӣ аз тарафи аҳолӣ аз мавзӯъҳои ин гуфтугӯ будааст.
Ҳамчунин субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир кард.
Тибқи иттилоъи манбаъ мавзӯъи асосии ҳам гуфтугӯҳои телефонӣ ва ҳам «машварати корӣ» дар ҳоле омодагӣ ба фасли зимистон буда, ки аз ҳоло дар саросари кишвар қатъи пайдарпайи интиқоли барқ ба аҳолӣ ё лимит шурӯъ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомот ва ноҳияҳои зикршударо вазифадор карда, ки доир ба омодагӣ ба зимистони дарпешистода, пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ҳамин ҳол ӯ ҳарфе аз интиқоли барқ ба мардум, ки василаи асосии гармсозии хонаҳояшон аст, ҳарфе назадааст. Қаблан “пешво”-и худхонда сари чанд муддат ба мардум ваъда медод, ки лимити барқ чанд сол пас афсона хоҳад шуд, аммо пас аз эълони ба афсона табдил шудани он дар соли 2018-ву баргаштани дигарбораи лимит дар соли 2019, ӯ ваъдадиҳияшро ҳам қатъ кард.
Бо ба истифода додани ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ва сохти чандин нерӯгоҳи дигар вазъ ҷои беҳтар шудан рӯ ба бадшавӣ дорад ва сол то сол қатъи интиқоли барқ ба сокинон тӯлонитар мешавад.
Коршиносон мегӯянд барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон бештар аз талаботи кишвар ба он аст, аммо хонаводаи “пешво” ҳақи мардумро дуздида ва ба хориҷ мефурӯшад. Қисмати асосии пулҳои бадастомада аз фурӯши барқ ба суратҳисобҳои Оила дар хориҷ аз кишвар интиқол дода мешаванд.
Дар ин гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯъи дӯстдоштааш — “дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироатҳои кишоварзӣ” низ пардохтааст.