Рубрики Pressa

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия


Аз 1 июн Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва ва Қазони Русия оғоз гардида, то 5 июн идома меёбад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, 2 июн дар Маҷмааи осорхонавию намоишии Академияи рассомии Русия намоиш таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» ифтитоҳ гардид, ки то 5 июн идома меёбад. Дар намоишгоҳ зиёда аз 30 асари рассомони маъруфи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудаст.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанг замина барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар  Русия се маротиба – солҳои 2005-2011-2015-2022 ва Рӯзҳои фарҳанги  Русия дар Тоҷикистон панҷ маротиба – солҳои 2005-2010-2014-2017-2021  баргузор гардидаанд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аввалин маротиба  моҳи октябри соли 2005 баргузор шуда, дар расми ифтитоҳи он  Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *