Ники Ҳелӣ, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, аз намояндагони 65 кишваре, ки бо тасмими Президент Дунолд Тромп мабнӣ бар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти Исроил мухолифат накарда ва раъйгирии маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳидро рад карданд ё дар он ширкат накарданд, барои ширкат дар як меҳмонӣ дар 3 январ даъват кардааст.
Нашрияи “Таймз Исроил” навишт: Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милали Муттаҳид дар имейле аз дӯстии ин кишварҳо бо Амрико қадрдонӣ кард.
Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид шинохтани Қудс ба унвони пойтахти Исроил аз сӯи Президент Тромпро маҳкум кард.
Ники Ҳилӣ дар “твит”-е бо зикри номи 65 кишвари мухолиф аз онҳо барои адами пайравӣ аз равиши “ғайримасъулона”-и Созмони Милали Муттаҳид ташаккур кард.
Сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт қатъномаи тасвиб шуда бо аксарияти бузург ҳамлае ба Амрико ва ҳаққи он барои иттихози сиёсати мустақили худ аст. Ў ҳушдор дод ин ҳаракат метавонад боис шавад Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз кӯмакҳояш ба Созмони Милали Муттаҳид даст бикашад.