Мақомоти Тоҷикистон ба ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви зиндонии Раёсати Олии ҲНИТ иҷоза додаанд бо ӯ мулоқот кунад. Дирӯз Валамат Иброҳимзода эълон карда буд, ки дар сурати надодани иҷозаи вохӯрӣ бо шавҳараш ба гуруснанишинӣ оғз хоҳад кард.
Шӯҳрати Раҳматулло, писарбузурги Раҳматуллоҳи Раҷаб иттилоъ дод, ки мақомот ба модар ва хоҳараш иҷоза додаанд ба дидори падараш бираванд. Хоҳараш пас аз дидор аз онҷо хориҷ шуда, вале Валамат Иброҳимзода ҳамроҳи шавҳараш мондааст.
Чуноне ки қаблан Паё , пас аз фоҷеъаи зиндони Ваҳдат маъруф ба “Кирпичний”, Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки дар муассисаи ислоҳии рақами 1-и Душанбе қарор дорад шиканҷа ва ба ПКТ (Помещения камерного типа) гузаронида шудааст. Ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб Валамат Иброҳимзода ҳам хабари ба утоқи ҷаримавӣ бурдани шавҳарашро тасдиқ кард ва гуфт рӯзи 22 май ба шавҳараш хӯрок бурдааст, аммо қабул накардаанд. Пас аз се соати зери офтоб истодан, билохира ба ӯ гуфтаанд, ки шавҳараш чанд ҷиноят кардааст, ки якеи он гӯё пайдо шудани нохунгирак аз зери кати хобаш будааст.
Валамат Иброҳимзода ҳамчунин гуфт, ки огоҳ шудааст шавҳараш шадидан шиканҷа шудааст ва дар сурати дарёфт накардани иҷозаи мулоқот бо ӯ гуруснанишинӣ эълон хоҳад кард. Эълони гуруснанишинии ҳамсари зиндонии сиёсӣ бозтоби гуфтардае дар расонаҳои хориҷӣ дошт.
Имрӯз, ки тибқи навбат бояд бо шавҳараш мулоқот мекард, ба ӯ ва духтараш Нилуфар Раҷабова иҷозаи вохӯриро доданд. Ҳамчунин онҳоро раҳбарияти Раёсати муассисаҳои ислоҳӣ ба ҳузур пазируфтааст.
Аз вазъи саломатии Раҳматуллоҳи Раҷаб ҳанӯз иттилоъе нест.