Гуруҳи “Толибон” дар гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар режими раводид ё доштани визаи Афғонистонро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ба вижа барои ронандаҳои мошинҳои боркашро бекор кардаанд.
Дар ин бора Азия-Плюс бо истинод аз як ронандаи мошини боркаши Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ин ронанда, ки нахост номаш бурда шавад, ҳоло марз дар Шерхон-Бандар боз аст ва Толибон барои рафту омад кадом мушкиле пеш намеоранд.
Ин ронанда нақл кардааст, ки “Толибон доштани визаи Афғонистонро барои мо бекор карданд. Ҳамчунин пештар вақте мо дохили Афғонистон мешудем як нав ришвае бо номи “хокпулӣ”, ки тақрибан 200 доллар мешуд аз мо мегирифтанд, ки ҳоло ин ҳам бекор шудааст. Ба ҷуз ин, мо вақте аз шерхон-Бандар мегузаштем то 1000 сомонии дигар масраф доштем, ин ҳам аз миён бардошта шудааст. Ҳоло танҳо 60 сомонӣ барои нафароне, ки боркашӣ мекунанд медиҳему халос”.
Бекор кардани раводид аз сӯйи Толибон дар ҳолест, ки Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон баъди суқути Шерхон-Бандар ба дасти Толибон додани раводидро барои ронандаҳои тоҷик муваққатан қатъ кардааст.
То кунун гуруҳи «Толибон» ба таври расмӣ дар бораи бекор карлани раводид баёния ё изҳороте нашр накардаанд, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндаҳои ин гуруҳ видеоҳоеро нашр кардаанд, ки дар он аз боз будани гузаргоҳ суҳбат мекунанд ва мегӯянд, ки барои рафту омад ҳеч мушкиле нест.
Дар мавриди боз будани гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар мақомоти Тоҷикистон то кунун изҳори назар накардаанд.
Ёдовар мешавем, гуруҳи Толибон рӯзи 22-юми июн гузаргоҳи Шерхон-Бандарро, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон қарор дорад, ғасб карданд ва бар пайи ҳамлаи онҳо бештар аз 100 низомиву шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буданд. Ҳоло ҳам ин гузаргоҳи муҳим дар дасти “Толибон” қарор дорад.