Рубрики Хабарҳо

Модари муштипари ду «террорист»

Бахтиёр Абдусамадов бародари зиндонии Ҳусейн Абдусамадов аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон, ба 20 соли дигари зиндон маҳкум кардааст. Бахтиёр инак 11 сол аст, ки дар зиндон ба сар мебарад. Ӯ соли 2009 аз озодӣ маҳрум шуда буд. Ба иттилоъи модараш, Бахтиёр аз бемории сил ранҷ мебарад.

Бародари ӯ Ҳусейн Абдусамадов, ки раҳбарии гурӯҳи ҳамлавар ба сайёҳони хориҷӣ ба дӯш дошт ва ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, рӯзи 3-юми марти соли ҷорӣ дар зиндон ҷон дод. Мақомот сабаби марги ӯро аз кор мондани гурдаҳояш мегӯянд, аммо бо гумони ғолиб Ҳусейн кушта шуд. Ӯ чизҳоеро медонист, ки ифшо шуданашон барои мақомоти Тоҷикистон дарди сари зиёд эҷод мекард.

Аммо бародари ӯ Бахтиёр Абдусамадови 39-сола, ки 11 соли онро паси панҷара сипарӣ кардааст, “барои ташвиқи маҳбусони зиндони шаҳри Ваҳдат ба ошӯб” гунаҳкор дониста шудааст. Ӯ соли 2009 ба шарикӣ дар ҷиноят, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ёрӣ ба вуруди ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ айбдор ва ба 16 соли ҳабс маҳкум шуда буд. Акнун ин бандаи Худо 20 соли дигар дар маҳбаси низомаш сахти шаҳри Бохтар азият хоҳад кашид. Албатта агар умр вафояш кард ва ё тақдири бародараш насибаш нашуд. 

Модари Бахтиёр аммо ба ин ҳукм розӣ нест ва гуфтааст “ӯ дар шаби ошӯб бемор буд ва дар он ширкат накардааст”. Гулчеҳра Абдусамадова, ба Радиои Озодӣ изҳор дошта, ки бо писараш пеш аз он ки ба зиндони Бохтар фиристода шавад, сӯҳбат дошт.

Ин модари ҷафодида гуфтааст “гирист, ки дар ин кор даст надорад. Парвандаашро чанд бор баррасӣ карданд, лекин дар охир ҳамин хел ҳукм бароварданд. Аз дасти мо чӣ меояд? Саломатиаш ҳам хуб нест. Бемории сил аст”.

Як мақоми Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтааст, парвандаи Бахтиёр Абдусамадов “ҳамчун ташвиқгари зиндониён ба ҷиҳод” ва ҷудогона аз онҳое, ки дар ошӯб ширкат доштанд баррасӣ шудааст. “Вай аз лиҳози маънавӣ ошӯбгаронро омода карда, ин амалро бисёр зарурӣ ва муҳим мехондааст” — изҳор доштааст ӯ. 

Мақомот эътироф кардаанд, ки амалан Бахтиёр дар ошуб пурра иштирок накарда буд, вале иштирокдорони ошӯб шоҳидӣ додаанд, ки зери ташвиқи Абдусамадов ин амалро дуруст пиндоштаанд ва нақшаашро бо дигарон тарҳрезӣ карданд.

Дар маҷмӯъ, барои ташкилу ҳамдастӣ дар ошӯби моҳи майи соли гузашта дар зиндони шаҳри Ваҳдат 28 нафар маҳкум шуданд. Ҳукми онҳо охири соли гузашта содир шуд, вале парвандаи Бахтиёр Абдусамадов ду бор аз сари нав тафтиш ва дар ниҳоят моҳе пеш ниҳоӣ шуд. 

Қазияи “ошӯб” дар зиндони Ваҳдатро яке аз шоҳидони он Рабиев Саид Акобирович дар як сӯҳбаташ дар барномаи “Бояд гуфт” . Ӯ гуфт, ки ҳеҷ ошӯбе набуд, мақомоти зиндон ҳудуди ҳафтод нафарро ҷамъ карданду амр ба давидан карданд ва беш аз 50 нафарашонро паронданд. Баёноту изҳороти мақомот дар бораи ин “ошӯб” низ сохта будани онро тасдиқ мекунанд. 

Ҳоло мақомот ҷуз ин ки беш аз 50 нафарро куштанд, 30 нафари дигарро ҳукмҳои сангин доданд ва дар гумон аст, ки касе аз онҳо зинда берун ояд. Зеро ба мақомот дигар шоҳидоне мисли Саид Рабиев лозим нестанд. Бахтиёр Абдусамадови бечора яке аз ин шоҳидон аст, ки акнун то 60 солагиаш бояд дар зиндони низомаш шадид умрашро сипарӣ кунад. Бо гумони ғолиб ҳукми қаблии ӯ низ сохтаву бофта буд ва ин мискин ҳеҷ гуноҳе надорад. 

Ҳусейн кушта шуд. Бародараш Бахтиёр 20 соли дигар паси панҷара мемонад. Баҳс ҳоло сари гунаҳкор ё бегуноҳ будани онҳо нест. Дар бораи терроре, ки Ҳусейн роҳбариашро дошт, Паём шавоҳиде дар даст дорад, ки собит мекунанд Ҳусейн он амалиётро бо ҳамдастии мақомоти Тоҷикистон анҷом додааст. Мо ба ин мавзӯъ рӯзе бо далелу шавоҳиди зиёд мепардозем ва ифшо хоҳем кард, ки киҳо он амалиётро тарҳрезӣ кардаву анҷом додаанд. 

Ҳусейну Бахтиёр модаре доранд бо номи Гулчеҳра Абдусамадова. Аксари онҳое, ки расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ мекунанд, ин пиразани мазлумро мешиносанд. Ӯ дар чанд “гирдиҳамои”-и таъсисдодаи мақомот ширкат карда, алайҳи мухолифин сухан карда буд. Боре ҳатто кӯшид ба сараш бензин рехтаву худашро оташ занад. 

Гулчеҳра Абдусамадова мухолифин, бахусус ҲНИТ ва раҳбари он Муҳиддин Кабириро дар он амалиёт гунаҳкор медонист ва даъво мекард, ки писараш қурбони “дасисаҳо”-и мухолифин шудааст. Айнан ҳарфҳои мақомотро, ки дар он ҳамлаи террористӣ ҲНИТ-ро муттаҳам мекарданд такрор мекард ва дар “тазоҳурот”-и зиддимухолифӣ фаъолона ширкат дошт. Аммо баъди ҳукми абад гирифтани писараш якбора хомӯш шуд ва аз саҳна ғайб зад. 

Модаре, ки намедонист писараш чӣ ҳукме хоҳад гирифт сахт эътироз мекард, дар такопӯ буд, аммо вақте эълон шуд, ки писараш то охири умр дар зиндон хоҳад монд, якбора хомӯш шуд. На мухолифинро ба ҳукми абад гирифтани писараш гунаҳкор кард ва на касеро дуъои бад кард. Гӯё якбора ба тақдираш тан дод. Ҳатто замоне, ки писараш кушта шуд, касеро гунаҳкор ва нолаву шеван накард. Вақте писараш танҳо боздошт шуда буд, дунёро ба сар бардошт, аммо барои ҳукму марги  писараш дигар садое набаровард.

Магар барои як модар дарде сангинтар аз ҳукми абаду марги писараш вуҷуд дорад? Чаро ӯ қабл аз ҳукм ин қадар фаъол буд, аммо баъди он якбора хомӯш шуд?

Ягона посухи ин суолҳо ин аст, ки аз дарди ин модари бечора сӯистифода карданд. Вақте ин модари ҷабрдида, ки даҳ сол боз дар фироқи фарзанди дигари зиндониаш месӯхту розӣ буд, барои наҷоти фарзанди хурдиаш ҳама корро анҷом диҳад, ба ӯ гуфтанд, ки чӣ кор бояд кунад: Бояд дар “тазоҳурот” фаъолона ширкат кунад, ба мухолифину раҳбаронаш лаънат фиристад, дар саҳнаи кӯшиши худсӯзӣ нақш бозад ва ғайра. Магар модар барои наҷоти фарзандаш ба бештар аз ин қодир нест? Аммо вақте корашон тамом шуд, модари бечораро “кидат” карданд ва барои ҳамеша аз ду ҷигарбандаш маҳрум сохтанд. 

Ҳеҷ касе алайҳи ин модар ҳарфе нагуфт. На аз мухолифин ва на аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳатто гурӯҳе аз беадабони шабакаҳо, ки ҳамеша ба ин гуна нафарон метозанду дашном мекунанд, хомӯш буданд. Зеро беақлтарину бефаросаттарин ва сангдилтарин инсон ҳам мефаҳмаду медонад, ки модар чӣ қадар барои фарзандаш дард мекашад. Ҳар касе қалб ва камтарин ақлу дарк дорад, эътироф мекунад, ки модарро ба ҳеҷ коре, ҳатто ба ҳеҷ ҷинояте, ки барои наҷоти фарзандаш кардааст наметавон гунаҳкор кард. Мо ҳазорҳо қиссаву достон дар бораи худфидоии модар ба хотири фарзандашро дорем. Таърих шоҳиди худро қурбони фарзанд кардани миллионҳо модар шудааст. Ин як ҳақиқати зиндагист ва касеро ба таъаҷҷуб намеорад.

Таъаҷҷубовар аз ҳама дар ин қазия амалкарди онҳоест, ки ин модари бечораро маҷбур ба таҳқир кардани худаш карданд. Модареро, ки қалбаш пора пора буд, ҷигараш барои фарзандаш месӯхт, шояд шабҳо чашм ба ҳам намебасту гиряву нола мекард, маҷбур карданд дардашро канор гузораду дар як саҳнаи беарзишу аҳмақонаи онҳо нақш бозӣ кунад. 

Кош ақалан ба ивази ин нақшбозӣ карданаш сабукие дар ҳукми фарзандаш медоданд. Кош барои ин ҷонфидоияш ақалан фарзандашро намекуштанду иҷозаташ медоданд дар чанд моҳ як бор бубинад. Кош ақалан фарзанди калониашро озод мекарданд. Вале, на! Ҳам худашро то ҳади имкон бо таҳқиру ин тарафу он тараф кашиданҳояшон то ҳади имкон шиканҷаи равонӣ карданд ва ҳам аз ду ҷигарбандаш маҳрум карданд.

Мутмаъинан ин модар ҳоло шабҳо бо гиря даст сӯи осмон бардоштаву дуъо мекунад. Киро ва чӣ дуъо мекунад, маълум аст. Ончи ба мо мемонад ин аст, ки барои ҳама дуъоҳояш омин бигӯем. 

Омин, ё Раб!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *