Яке аз усулҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон барои таблиғ ё ҳади ақал сафедкунии худашу ҳукуматаш истифода мебарад, рақамбозӣ дар ироаи омор аст. Ӯ рақамҳои омориро чунон намоиш медиҳад, ки дар зоҳир аз пешрафтҳои бузурге ҳикоят мекунанд, аммо агар болояшон диққати бештаре дода шавад, сирри бозиҳояш ифшо мешаванд.
Дар вохӯрии имрӯзааш бо табибон низ ӯ аз ҳамин усули қадимӣ кор гирифта ва бо рақамбозӣ ба табибон миннатҳои зиёде ниҳод. Ба табибоне, ки фиреб дод, таҳқир намуд, маъюбу маслуқ кард ва даҳҳо нафарашонро кушт.
Ба фиребу таҳқиру куштор поёнтар мепардозем. Ҳоло ба воқеъияти имрӯз бингарем. Дар суханрониаш раисҷумҳури Тоҷикистон бо ироаи нодурусти рақамҳо бори дигар садҳо табибро таҳқир кард. Ӯ миннат кард, ки буҷаи соҳаи тандурустӣ ба 1 миллиарду 841 миллион сомонӣ расида, аз соли 2008 то ин замон 7,2 баробар бештар шудааст. Воқеъан дар зоҳир болоравии хубе. Аммо ин 7,2 баробар дурӯғи маҳз ва фиреби назар аст.
Муқоисаи қурби пул байни ин солҳо ва таваррум нишон медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон ин рақамро 4 баробар бузург нишон додааст. Дар соли 2008 қурби 1 доллар баробар ба 3,4 сомонӣ ва имсол ба 10,2 сомонӣ мебошад. Яъне се баробар камтар. Агар тибқи гуфтаи ӯ буҷаи соҳаи тандурустӣ 255 миллионро ташкил медод (1.841 млн/7,2), пас он баробар ба $75 млн буд. Буҷаи имсолаи соҳа бошад ба $180млн баробар аст, ки ҳамагӣ 2,4 баробар бештар аз соли 2008 мебошад. Аммо давоми ин солҳо худи доллари ИМА 23% таваррум дидааст, ки дар натиҷа $180млн-и имсола баробар ба $138 млн-и соли 2008 аст. Яъне буҷаи соҳаи тандурустӣ ҳамагӣ 1,8 маротиба боло рафтааст, ки аз даъвои Эмомалӣ Раҳмон 4 баробар камтар аст.
Ҳамчунин ӯ даъво кард моҳонаи табибон аз соли 2007 то ин замон 20 баробар боло бурда шудааст. Мо омори моҳонаи соли 2007-ро ҷустуҷӯ накардем ва фарз мекунем, ки раисҷумҳур (аниқтараш муаллифи ин баромади ӯ) зарбу тақсимро дуруст анҷом додааст. Аммо ин даъвои ӯ ҳам тибқи ҳисоби қаблӣ овехтани угро ба гӯши мардум аст. Агар як табиб дар соли 2007 масалан 75 сомонӣ моҳона мегирифт он баробар ба 20 доллар буд ва агар ҳоло 1500 сомонӣ мегирад баробар ба 140 доллар аст. Бо дарназардошти таварруми доллар моҳонаи табибон ҳам ҳамагӣ 5,3 баробар боло рафтааст, на 20 баробаре ки Раҳмон мегӯяд. Ҳамин 5,3 баробар боло рафтани моҳонаи табибон ҳам воқеъан дастоварди бузургест, агар воқеъияти дигар намебуд. Табибон имрӯз дар кишвар аз 800 то 1500 сомонӣ моҳона мегиранд, ки миёнгии он баробар ба $100 аст. 100 доллар! Табибони Тоҷикистон бо вуҷуди 5,3 баробар боло рафтани маошашон яке аз камтарин маошҳо дар ҷаҳонро мегиранд! Ва раисҷумҳур ба табибон миннат мекунад, ки мо моҳонаи шуморо 20 баробар боло бурдем.
Ин миннатгузории Эмомалӣ Раҳмон ба табибон аз ин ҷониб ҳам таҳқир аст, ки моҳонаашон баробари даромади 1-рӯзаи бархе аз онҳост. Албатта мо табибонро гунаҳкор карданӣ нестем, ки ғайриқонунӣ даромад мегиранд. Агар онҳо бо ин моҳонаи 20-баробар афзудаи “пешвои миллат” зиндагӣ мекарданд, ҳоло дигар зинда набуданд.
Дар суханрониаш раисҷумҳур рақамбозиҳои зиёде кард. Як мисоли дигар. Ӯ гуфт: “агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 расидааст, яъне 1507 муассиса зиёд шудааст”. Аввалан, он ҳамагӣ 1,5 баробар афзош ёфтааст, сониян Раҳмон фаромӯш кард бигӯяд, ки аҳолии Тоҷикистон дар ин муддат аз 5,4 ба 9,2 млн расида, 1,7 баробар афзоиш ёфтааст. Яъне сохтмони муассисаҳои тандурустӣ аз рушди аҳолӣ ақаб мондаанд.
Вале ин ҳам ҳамаи воқеъият нест. Тибқи иттилоъе, ки Паём дар даст дорад, дар замони истиқлолият дар Тоҷикистон ЯГОН беморхона пурра бо пули давлат сохта нашудааст. Давлат ё беморхонаҳои қаблан нимсохтро ба анҷом расонидааст ва ё онҳоро мардум ва созмонҳои хайрияву кишварҳои дигар сохтаанд. Ҳади ақал 1000 муассисаи тиббӣ аз 1507, ки Эмомалӣ Раҳмон лофашро мезанад, аз тарафи мардум ва бо пули мардум сохта шудааст. Ҳарчанд буҷа ҳам пули мардум аст, лекин ин сохтмонҳо мустақиман бе ширкати буҷаву давлат анҷом шудаанд. Бо ин вуҷуд раисҷумҳур аз минбари баланд ба сари мардуми беморхонасозу табибони моҳонаашон камтарин дар ҷаҳон миннат мекунад, ки мо бароятон беморхона сохтем.
Эмомалӣ Раҳмон бо ироаи ин рақамҳо ба онҳое миннат мекард, ки ҳамагӣ 3 моҳ қабл таҳқиру фиребу маъюб кард ва даҳҳо нафарашонро кушт. Замоне, ки аксари табибон аз шуйӯъи вируси коруно бонги хатар мезаданд, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба хотири як ҷашну дусоата рақсу бозиаш вуҷуди онро инкор кард ва сабаб шуд вирус ба тамоми кишвар бо суръат паҳн шавад. Сипас худаш дар паноҳгоҳе ҷо гирифт ва кишварро ба дасти вирус супурд.
Баъди ду моҳи аввалин огоҳиҳо аз паҳншавии вирус, билохира Раҳмон вуҷуди онро эътироф кард ва гӯё барои ҷуброни таҳқираш ба табибон ваъда кард, ки ба онҳо барои се моҳ дар ҳаҷми моҳонаи якмоҳаашон иловапулӣ пардохт мекунад. Аммо фиреб кард. Бо гузашти 4 моҳ аз ин ваъда, то ҳол ягон табиб ин пули ваъдашударо надидааст. Инро худи раисҷумҳур ҳам дар суханрониаш зимнан иқрор кард. Ӯ гуфт “бо мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид”. Яъне нагуфт, ки он ба табибон пардохт шудааст.
Ин танҳо кӯмакҳое ҳастанд, ки расонаӣ шуданд ва мо тавонистем онҳоро пайдо кунем. Ин ҳам рӯйхати кӯмакҳо:
- $11,3 млн Бонки ҷаҳонӣ
- $1 млн Ҳукумати Олмон
- $867 000 USAID
- $928 000 БОР
- $1.7 млн Ҳукумати ИМА
- $2.06 млн Иттиҳоди Аврупо
- $2 млн Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
- $50 млн Бонки осиёии рушд
- $50 Фонди аврупоии субот ва рушд
- $190 млн Хазинаи байналмиллалии асъор.