Рубрики Хабарҳо

Ситоиши Сардор Бердимуҳаммадов дар макотиби Туркманистон

Дар Туркманистон омӯзгорон таҳти мавзӯи  “Ҳаёт, фаъолият ва дастовардҳо”-и Сардор Бердимуҳаммадов ба хонандагон дарс мегузаранд. 

Чанде қабл раисҷумҳури ин кишвар Гурбангули Бердимуҳаммадов гуфта буд, ки курсии раёсатро ба ҷавонон вомегузорад. Матбуоти даврии Туркманистон аз номзадҳои ба мақоми раисҷумҳурӣ пешбаришаванда як-як хабар медиҳанд, ки дар қатори онҳо писари Гурбангулӣ ҳам номбар шудааст. 

Инак, дар макотиби ин кишвар таблиғи “бузургманишӣ”-и раисҷумҳури оянда шурӯъ гардидааст. 

Рӯзи 12 феврал ба мудирони мактабҳои миёна, ки ба шӯъбаҳои маорифи ноҳия даъват шудаанд, чунин дастур дода буданд.

Дар дастури мазкур гуфта мешуд, ки аз оғози ҳафта барои толибилмон дар бораи  «Амалҳои нек ва дастовардҳои» Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳикоя карда шавад ва ҳамчунин миннатдор будани кӯдаконро аз даврони амалдории Ӯ талқин карда шавад. Сипас бо ҳамин мазмун ва таҳти ҳамин мавзӯъ  дар бораи Сердар Бердимуҳаммадов нақл кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *