Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки шаби 8 ба 9-уми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иғвои навбатӣ роҳандозӣ шуд, то мардум ба шӯр оянд..
Аз ҷониби ашхоси номаълум, ки хостгори низоъангезӣ буданд, дар ҳудуди маҳалли қирғизнишини Кок-Терик дар сари роҳ ду мошини боркаш хок рехта байни аҳолии қирғиз овоза паҳн карданд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамзамон бо таъмиру азнавсозии роҳи ин ҳудуд қасди азхудкунии ин роҳро дорад. Дар натиҷа мардуми ин маҳалли қирғизнишинро ба шӯр ва изтироб оварданд.
Котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ин иғво хеле моҳирона тарҳрезӣ шудааст, чунки имрӯзҳо мақомоти маҳаллии ҷониби Тоҷикистон воқеан ҳам таъмири ҷузъии қитъаи роҳи Сурх – Хоҷаи Аълоро дар самти роҳи Исфара – Ворух, ки ҳолати басо ногувор дорад, оғоз кардааст, аммо таъмири қитъаи 200 метраи маҳаллаиКок-Терик дар ин нақша пешбинӣ нашудааст.
Тибқи манбаъи хабар пас аз вокуниши саривақтии мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва собит шудани далели он, ки дар ин хокрезӣ ҷониби Тоҷикистон даст надорад, ҷониби Қирғизистон хоку шағалҳои партофтаашонро худ тахту ҳамвор кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки мувофиқ ба муқаррароти протоколҳои Комиссияҳои байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делемитатсия ва демаркатсия аз 17.03 ва 06.04 соли 2019 таъмини амну суббот, тартиботи ҷамъиятию амнияти шаҳрвандон дар ҳудудҳои наздисарҳадӣ бар ӯҳдаи патрулҳои муштараки корҳои дохилӣ вогузор шудааст.
Бар хилофи қарордоду протоколҳои байниҳукуматӣ низомиёни бо яроқ мусаллаҳи ҷониби Қирғизистон санаи 9 июн дар шоҳроҳи самти Чоркуҳ – Хоҷаи Аъло – Ворух, ки аз байни маҳалҳои аҳолинишин мегузарад, озодона гаштугузор карда, ба равуои озодонаи шаҳрвандони Тоҷикистон халал мерасонданд ва дар як вақт оромию суботи маҳалҳои наздисарҳадиро таҳти суолу шубҳа қарор медоданд.