Як гурӯҳ аз мақомоти ноҳияи Вахш рӯзи 8 июн 6 манзили сохтаи мардум дар деҳаи Пистамазори ҷамоати Машъалро бо сабаби надоштани иҷозати кумитаи замин барои сохтани хона, вайрон карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин гуруҳи ҳукуматӣ даҳҳо зану кӯдакро бо дашномҳои қабеҳ аз хонаҳо ронда, «вазифаашон»-ро иҷро намуданд. Ҷараёни ҳодиса ба саломатии чандин нафар аз пирони деҳа таъсири манфӣ расонида, чанд оила бесарпаноҳ мондааст.
Ин хабарро сомонаи Ахбор нашр кардааст.
Сокинон бо ирсоли 9 акс ба сомонаи «Ахбор” навиштаанд, ки «ҳама аз мубориза бо терроризм мегӯем, вале чаро мардумро террор мекунем?”
Ба нақли сокинони деҳаи Пистазор, ки 101 хоҷагӣ ва тақрибан 1000 сокин дорад, гурӯҳи ҳукуматӣ бо роҳбарии муфаттиши ноҳия Асомиддин Қудратзода, намояндаи ҳифзи ҳуқуқ Қодиров Дилшод, ва ҳамроҳ бо чанд корманди ҳифзи ҳуқуқ дар ин маъракаи тахриби хонаҳо иштирок карда, ба эътирози сокинон бераҳмона ва ноодилона посух медоданд.
Яке аз ҷабрдидагони ин ҳодиса кампири солхӯрдае мебошад, ки зери лагади ин гуруҳ мондааст ва ӯро ба бемористон бурда, сарашро се кӯк дӯхтаанд.
Ба гуфтаи сокинон, бархе оилаҳо бо пешниҳоди «пора» тавонистанд, хонаҳои худро аз вайроншавӣ эмин доранд, аммо мардуме, ки «пора” дода натавонистанд, аз сарпаноҳ маҳрум шуданд.
Сокинони Пистамазор мегӯянд, тартиби ҳуҷҷатгузории хонаҳо ҳар сол нав ва мураккабтару гаронтар мешавад, ки на ҳар оила, бахусус оилаҳои фақир аз ӯҳдаи дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ва пардохти боҷу хироҷи бешумори он мебарояд.
Вале гилаи онҳо аз мақомот ин аст, ки ба ҷои ба мардум фаҳмондани роҳҳои дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва қонунӣ кардани хонаҳои алакай сохташуда гирифтанду 6 манзили ободро вайрон карданд. Дар шароите, ки Тоҷикистон бо қашшоқӣ мубориза мебарад, 6 хонаводаи ниёзмандро бо далелҳои бюрократӣ аз сарпаноҳ маҳрум кардан, ба ақидаи сокинони норозӣ, комилан хилофи сиёсати мубориза бо фақри ҳукумат аст.