Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Суғд нархи гази моеъ нисбат ба дирӯз 20-30 дирам поин рафтааст.
Ба иттилои хабаргузории Суғднюз, имрӯз, 10-уми марти соли 2023 дар дисплейҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд як литр гази моеъ бо нархи 3 сомонию 80 дирам то 3 сомонию 90 дирам ба фурӯш меравад, ки пештар арзиши ин навъи сӯзишворӣ то 4сомонию 10 дирамро ташкил медод.
Нархи сӯзишвории дизелӣ низ дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта 30 дирам поин рафтааст.
Ҳоло 1 литр сӯзишвории дизелӣ бо қимати 11сомонию 50 дирам фурӯхта мешавад. Бензини тамғаи АИ92 бо нархи 8.00 сомонӣ ва АИ95 ба 8 сомонию 20 дирам фурӯхта мешавад.
Коршиносон гуфтаанд, тағйирёбии нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ба ҳаҷми воридоти сӯзишворӣ ба кишвар рабт дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.