Рубрики Хабарҳо

Чаро мақомоти Тоҷикистон даст аз дурӯғ намебардоранд?

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баёнияи баҳсбарангезашро оиди тафоҳумномаи имзошуда байни ин вазорат ва Вазорати умури хориҷии Эрон тағйир дода, номи Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон аз он бардоштааст.

Дар гузориши нашркардаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон омада буд:

“Дар Ёддошти тафоҳум омадааст, ки тарафҳо “аз фаъолияти ҳизбу созмонҳое, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, пешгирӣ карда, аз ҳама гуна намуди дастгирӣ ва ҷонибдории онҳо худдорӣ намоянд”. Дар ин замина ҷониби Эрон таъкид намуд, ки дар қаламрави худ аз фаъолияти аъзо ва пайравони ҳизбу гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ пешгирӣ хоҳад кард.”

Ҳанӯз ҷониби Эрон мавқеъашро оиди баёнияи қаблии ВКХ Тоҷикистон рӯшан накарда, тағйир додани он баҳсҳоеро дар доираҳои таҳлилӣ барангехат, ки чаро вазорат ин корро осемасар, дар остонаи як нишасти бузурги сарни кишвар дар Душанбе анҷом дод. Бештар ба ин назаранд, ки боз ҳа ҷониби Эрон рӯихотир крадаву хостааст дурӯғ бидуни сарусадо ҳазф шавад.

Бори аввал нест, ки мақомот дурӯғ мебофанд ва дурӯғҳояшон  бо сарусадо ифшо мешавад. Қаблан ҳамин гуна иттиҳомро ду маротиба ба мақомоти Туркия баста буданд. Дар ҳамин се-чор моҳи охир танҳо алайҳи Наҳзат ҳади ақал 6 дурӯғ бофтанд ва ҳамааш фош шуд.

Эълон карданд, ки дар Туркия симпозиуми зиддинаҳзатӣ баргузор мешавад Дар ҳоле, ки он симпозиум аслан зиддитеррористӣ буд ва ҳарфе аз ҲНИТ набуд. Туркҳо аз сӯиятифодаи мақомоти тоҷик огоҳ шуда, аз гузаронидани он даст кашиданд. Мақомоти Тоҷикистон маҷбур шуданд барои ҳифзи эътибор нишастро дар сафорат бо чанд донишҷӯ, ки маҷбурӣ оварда буданд, баргузор кунанд.

Баъд ба раиси парлумони Туркия, Иттиҳодияи Аврупо, Доналд Туск ва Эрон дурӯғ бастанд, ки паи ҳам ифшо шуданд. Ҳарчанд мақомоти турк дар бораи дурӯғи бастаи “Ховар” ба раиси парлумони ин кишвар расман вокунише надоданд, як мақоми парлумонии ин кишвар ба Паём гуфт, ки посухи расмӣ мақомоти Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор қарор медиҳад, аммо ончӣ ба раиси парлумони ин кишвар нисбат додаанд, комилан дурӯғ ва бофташуда аст.

Дар ҳоле, ки дурӯғҳои мақомоти Тоҷикистон яке паи дигар ифшо мешавад, то ҳаде, ки расонаҳои мӯътабари дунё ҳам дигар ба изҳороти расмии онҳо бо шубҳа менигаранд, мақомот аз дурӯғҳояшон дастбардор нестанд. Баръакс ҳар гоҳ дурӯғашон ифшо шуд, мекӯшанд бо дурӯғи дигаре онро ба ҳошия баранд.

Зоҳиран мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ҳеҷ гузинаи дигари муқовамат бо мухолифони торафт қудратмандшудаистодаи худро надоранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *