Рубрики Хабарҳо

Вокуниши тунд ба барномаи Урдуғон барои пайвастан ба Созмони Шанхай

Барномаи Урдуғон барои пайвастани Туркия ба Созмони ҳамкории Шанхай бо интиқоди тунди ду сиёсатмадори аҳзоби эътилофии давлати Олмон рӯ ба рӯ шуд. Туркия узви НАТО аст ва Созмони Шанхай муқобила бо нуфузи НАТО дар минтақаро яке аз ҳадафҳои муҳимми худ медонад. 

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, дар иҷлоси ҳафтаи гузаштаи Созмони ҳамкории Шанхай дар Узбекистон ҳузур ёфт ва зоҳиран барномаҳое барои пайвастан ба ин Созмон дар сар дорад. 

Туркия яке аз кишварҳои узви паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) аст ва Созмони Шанхай, ба унвони як иттиҳоди таҳти раҳбарии Чин ва Русия яке аз ҳадафҳои муҳими худро “бар қарори мувозина дар баробари нуфузи Амрико ва НАТО дар минтақа” унвон мекунад. 

Ду сиёсатмадори аҳзоби давлати эътилофии Олмон дар вокуниш ба ин барномаи Урдуғон ва сангандозиҳои ӯ дар муқобили пайвастани Шветсия ва Финланд ба НАТО, хоҳони эъмоли таҳримҳое алайҳи Туркия шуданд. 

Юрген Триттин, сухангӯи сиёсати хориҷии фраксюни ҳизби сабзҳо дар парлумони федерали Олмон (Бундестаг) душанбе (19 сентябр) ба рӯзномаи “Велт” гуфта НАТО ва иттиҳодияи Аврупо бояд аз худ бипурсанд, ки то кай иҷоза медиҳанд Урдуғон онҳоро ба бозӣ бигирад. 

Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 бо сардамдории Чин ва Русия ва бо мушорикати чаҳор ҷумҳурии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон) таъсис шуд. 

Ин Созмон то кунун шаш кишвар ба унвони узв нозир дошта, ки аз миёни онҳо Ҳинд ва Покистон соли 2016 ба узвияти комили он даромаданд. 

Ҷумҳурии Исломӣ яке дигар аз аъзои нозири ин Созмон аст, ки соли пеш узвияти доимаш таъйид шуд ва дар иҷлоси ҳафтаи гузашта узви комилҳуқуқи ин созмон гардид.

Зарурати фикр кардан ба иқдомҳои танбеҳӣ алайҳи Туркия 

Триттин ба рӯзномаи Велт мегӯяд Туркия ҷилави назорати Созмони милал бар таҳрими таслиҳотии Либияро гирифта, барои минтақаи иқтисодии Юнон як таҳдид ба шумор меравад ва беш аз Чин барои давр задани таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия иқдом мекунад. 

Сиёсатмадори ҳизби сабзҳо бо ишора ба монеъатарошии Туркия дар баробари пайвастани Суид ва Финланд ба НАТО мегӯяд ин кишвар акнун қасд дорад ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай бипайвандад. 

Ӯ бо таъкид бар ин, ки замони гирифтани “сиёсати сахттар дар қиболи Туркия” фаро расида афзуд аз он ҷо, ки ҳеҷ як аз аъзои НАТО истасно нестанд бояд дар бораи иқдомҳои маҳдудкунандаи иқтисодӣ алайҳи Анқара фикр шавад. 

Туркия аз солиёни пеш умеди пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро дар сар дорад ва бо монеъаҳое, ки бар сари ин кор вуҷуд дорад ин баҳс аз муддатҳо пеш матраҳ буда, ки оё Анқара ин умедро бо вуруд ба Созмони ҳамкории Шанхай ҷойгузин мекунад? 

Гоми тозаи узви НАТО дар дурӣ аз Ғарб 

Ба гузориши шабакаи хабарии NTV, Нилз Ашмед, сухангӯи сиёсати хориҷии фраксюни ҳизби сотсиал-демократ дар Бундестаг низ тарҳҳои ахири Урдуғонро як “иштибоҳи ҷиддӣ» хонд ва онро талоши ҷадиде барои мунҳариф кардани афкори умумӣ аз мушкилоти дохилии сиёсӣ унвон кард. 

Ӯ мегӯяд аз манзари сиёсати хориҷӣ ин як гоми намодини дигар дар масири дурӣ аз Ғарб ва арзишҳои он ва хатои ҷиддӣ барои ояндаи сиёсии Туркия аст. 

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия борҳо хостори тақвияти Созмони ҳамкории Шангхай барои табдил шудан ба як бозигари муқобили Ғарб дар сатҳи байналмилалӣ шудааст. 

Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, рӯзи ҷумъа дар иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд аз кишварҳои узв хост барои муқобила бо ҳимояти қудратҳои хориҷӣ аз ҷунбишҳои мавсум ба “инқилоби рангӣ” ба якдигар кумак кунанд. 

Инқилобҳои рангӣ ва махмали истилоҳе аст, ки ба таври умда барои хезишҳо дар кишварҳои коммунистии собиқ истифода мешавад. Русия борҳо масъулияти ин ҷунбишҳоро мутаваҷҷеҳи қудратҳои хориҷӣ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *