Дар қисмати шимолуғарбии минтақаи Аврупо давлати подшоҳии Белгия вуҷуд дорад, ки аз самти шимол бо Ҳолланд, аз шарқ бо Олмон, аз ҷанубушарқӣ бо Люксембург ва аз ғарб бо Фаронса ҳамсарҳад аст. Масоҳати умумии давлат 30 ҳазору 688 км мураббаъро ташкил мекунад. Қаламрави давлат ба се минтақаи ҷуғрофи тақсим мешавад ва мардуми ҳар се бо забонҳои мухталиф муошират мекунанд- олмони фаронсавӣ ва ҳолландӣ. Мувофиқи маълумоти бонки ҷаҳонӣ саршумори аҳолии Белгия дар соли 2018 11 миллиону 565 ҳазору 347 нафар буд ва дар ҳоли афзоиш аст. Пойтахташ шаҳри Брюссел, шаҳрҳои калонтаринаш Антверпен, Гент, Шарлепиа, Лиеҷ, Брюгге, Намюр, Монс ва ғайра… Коди телефон +32. Озодии интихоби динро Конститутсияи давлат кафолат медиҳад. Соли 2005 аз назарсанҷии умумии Евробарометр чунин натиҷа баромада буд,ки ҳамаги 43% аҳолии таҳҷойӣ ба Худованд бовар доранд. Дини аҷдодии мардуми Белгия насронии шохаи католикӣ аст, аммо дини ислом низ расман шинохта ва шумораи мусалмонони давлат низ ба қайд гирифта шудааст. Соли 2006 саршумори мусалмонони кишвар 370 ҳазор нафар буд, ки 3,6 фоизи аҳолиро ташкил мекард. Баъди панҷ сол ин шумора ба 685 ҳазор нафар расид, ки ба 6, 23 фоиз расид. Санаи 18-уми апрели соли 2019 бошад аз ҷониби хадамоти бехатарии кишвари Белгия зиёда аз 100 адад созмонҳои исломии дар Белгия фаъолияткунандаро расман ба рӯйхат гирифтанд.
Маориф
Системаи маорифи Белгия бо сарпарастии се созмон фаъолият мебаранд. Фламандӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ. Барномаи таълим дар тамоми макотиб ягона буда, ҳукумати миллӣ дар идоракунии ин самт нақши хеле хурд мебозад. Ин ҷо қисмате аз мактабҳо ба созмонҳои махсус тааллуқ доранд, қисматеро аз ҳисоби буҷҷаи давлат таъмин мекунанд, ки таҳсил ройгон роҳандозӣ шудааст ва сарпарастии қисмати сеюмро калисоҳои католикӣ бар дӯш гирифтаанд. Шумори мактабҳои гурӯҳи сеюм аз ҳама бештар хонанда дорад.
Дар Белгия аз синни 6 то 18 солагӣ таълим ҳатмист
Иқтисодиёт.
Белгия узви Созмони Аврупо аз соли 1992 аст ва ба қатори давлатҳои ҷиҳати саноату иқтисодиёт пешрафта дохил мешавад. Соли 1948 миёни се давлати мутараққӣ созишномаи иттиҳоди гумрукӣ баста шуд, ки Бенелюкс ном дошт. Ин ном аз номи се давлати аъзои ҳамин иттиҳоди гумрукӣ баромад. Белгия, Нидерландия ва Люксембург.
Давоми солҳои 1830 то 1910 Белгия давлати пешрафтатарини саноатӣ дар дунё ҳисоб мешуд.
Маводи содиротии Белгия асосан оҳан, фӯлод, таҷҳизоти ҳамлу нақл, сӯзишворӣ, тракторҳои баландиқтидор ва алмос аст. Тақрибан 80% гардиши маводи истеҳсолии Белгия тариқи давлатҳои узви Созмони Аврупост. Ҳамкорони асосиаш Фаронса, Олмон ва Нидерландия мебошанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохила соле қабл бар сари ҳар нафар аҳолӣ 43 ҳазору 323 доллар рост омада буд.
Он чӣ, ки боиси ифтихори мо форсҳо дар ин давлат аст, ин нимпайкараи ҳакими бузург Абӯалӣ Ибни Синост, ки аввалин маротиба дар Белгия гузошта шуда буд. Дақиқкортарин фурудгоҳи дунё ин фурудгоҳҳои Белгия мебошанд, ки ҳатто сонияҳои вақти парвоз ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар пойтахти давлат шаҳри Брюссел калонтарин бинои идораи суд фаъолият дорад, ки дар дунё ҳам калонтарин ҳисобида мешавад. Масоҳати он бино 26 ҳазор метри мураббаъ мебошад.
Пардохти андоз ҳам дар Белгия баландтарин нишондиҳанда нисбати дигар давлатҳои дунёст. Соҳибкороне, ки даромаднокии калонтар доранд, 57, 8 фоизи онро андоз месупоранд. 48 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилаи давлат ҳам аз хисоби андоз аст.
Шумораи оилаҳои барҳамхӯрда низ дар Аврупои ғарбӣ бештарин дар Белгия ба назар мерасад. Дарозтарин масири трамвайгард бо масофаи 68 км дар Белгия вуҷуд дорад, ки дар минтақаи марзии Фаронсаву Ҳолланд ҳатто тӯл кашида аз 68 истгоҳ иборат аст. Дар ин роҳ паси ҳар 10 дақиқа трамвай фаъолият дорад. Дар Брюссел ҳудуди 120 созмонҳои байналмиллалии давлатӣ, 1400 созмони ғайридавлатӣ, 181 сафоратхона, 3000 дипломат, фаъолият мебаранд.
98 фоизи мардуми Белгия дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд. Яъне ҳамаги 2 фоиз деҳотианд. Тамоми роҳҳои мошингарди Белгия бо сифати олӣ чароғон карда шудаанд, ки аз дуртарин масофаҳо ҳам аён мешаванд.
Истеҳсоли шоколад дар Белгия ҳанӯз 400 сол қабл ба роҳ монда шуда буд. Дар як сол ин ҷо 173 ҳазор тонна шоколат истеҳсол мешавад. Мағозаҳои махсуси маҳз шоколад фурӯшанда 2 000 адад фаъоланд.
Шаҳри Антверпени Белгия пойтахти брилиант шинохта шудааст. Гардиши солонаи бозори бриллиант 20 миллиард евроро ташкил медиҳад, ки аз ИМА се маротиб зиёдтар аст. Дар ин шаҳр аз соли 1447 то ин ҷониб бриллиант мефурӯшанд.
80% Тӯбчаи бозии рӯйимизии билярд низ дар Белгия истеҳсол мешавад.