Дафтари матбуотии мақомоти пулиси Кобули Афғонистон хабар додааст, ки инфиҷори интиҳорӣ дар ғарби ин шаҳр, дар наздикии Зиёрати сахӣ, ки ҷашни Наврӯз дар онҷо баргузор мешуд, рух додааст.
Нусрат Раҳимӣ, муовини сухангӯи пулиси Кобул ба расонаҳо гуфтааст, ки дар ин инфиҷор 26 нафар кушта ва 18 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Вазорати беҳдошти Афғонистон эълом карда, ки 29 нафар дар ин ҳамла кушта ва 52 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Раҳимӣ гуфтааст, ки фарди интиҳорӣ пиёда буда ва шиликаи инфиҷории ҳамроҳашро дар миёни мардум мунфаҷир кардааст.
Ин ҳодиса соати 12 зӯҳри имрӯз дар наздики шифохонаи Алиобод, хиёбони Донишгоҳи Кобул ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба гуфтаи Раҳимӣ инфиҷор дар хиёбони Донишгоҳи Кобул, дар миёни афроде рух дода, ки дар ҳоли рафтан ба тарафи Зиёрати сахӣ будаанд ва ба далели издиҳом талафоти ин ҳодиса афзоиш ёфтааст.
Дар натиҷаи инфиҷор кушта шудани наздик ба 30 нафар дар ҳолест, ки тадобири шадиди амниятӣ дар атрофи Зиёрати сахӣ аз чанд рӯз қабл дар назар гирифта шуда будааст.
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ҳамлаи имрӯзро «ҷинояти зидди башарӣ дониста», онро маҳкум кардааст.
«Ҷиноёти террористӣ наметавонд монеъи хушӣ ва сурур, таҳсил, фаъолиятҳои рӯзона, ободонӣ ва муносибатҳои миллӣ ва мазҳабии мардум шавад.» — таъкид намудааст Ашраф Ғанӣ.
Гурӯҳи Толибон эълом кардааст, ки ин ҳамла тавассути афроди онон анҷом нашудааст.