Раисҷумҳури Амрико ба Созмони беҳдошти ҷаҳонбӣ 30 рӯз мӯҳлат дод то ислоҳоти асосӣ анҷом диҳад, вагарна таъмини молии он мутаваққиф хоҳад шуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тайи матлабе дар твиттер хитоб ба Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ эълом кард: Агар ин созмон тайи як мӯҳлати 30 рӯза даст ба ислоҳоти асосӣ назанад, Вашингтон таъмини молии ин созмонро ба таври доим мутаваққиф хоҳад кард.
Трамп афзуд: Амрико раванди муборизаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бо вируси коруно ва ҳамчунин равобити ин созмон бо Чинро мавриди баррасӣ қарор дода ва ба натоиҷе даст ёфтааст.
Вай идома дод: Ин созмон авзоъи Вуҳонро ба андозаи кофӣ баррасӣ накарда ва ҳамчунин гузоришҳо дар бораи шуйӯъи коруно дар Вуҳон дар декабри 2019-ро нодида гирифтааст.
Трамп бо баёни ин ки Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бар асоси ахбори мавҷуд дар матбуоти Чин ба таври ҳатм аз 30 декабри соли 2019 дар бораи вирус иттилооте дар даст доштааст гуфт: Дар 31 декабр мақомоти Тайван бо Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ тамос гирифта ва эълом карданд, ки вирус аз инсон ба инсон мунтақил шудааст. Бо ин ҳол ин созмон тасмим гирифт ин иттилооти муҳиммро бо соири кишварҳо ба иштирок нагузорад. Шояд далоили сиёсӣ барои ин амр вуҷуд доштааст.
Вай таъкид кард, ки Созмони беҳдошт ҷаҳонӣ иттилооти ғалате дар мавриди шуйӯъи кунди вируси коруно ироа кард.
Трамп гуфт: Сафирони кишварҳои африқоӣ дар 11 апрел номаеро ба вазорати умури хориҷаи Чин ирсол карда ва нисбат ба аъмоли табъиз алайҳи шаҳрвандони худ дар ин кишвар эътироз карданд. Аммо Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар ин хусус вокунише нишон надод.
Сообщение ПАЁМ.net.