Фурӯдгоҳи Гонконг кори худро аз сар гирифтааст. Нооромиҳои Ҳонконг боиси нигаронии давлатмандони Чин шудааст.
Доналд Трамп бо интишори як пости твиттерӣ аз эҳтимоли дахолати артиши Чин барои муқобила бо мӯътаризон сухан гуфтааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо интишори як пости твиттерӣ эълом кардааст, ки бар асоси иттилооти манобеъи амниятии ин кишвар, Чин воҳидҳои низомии худро дар манотиқи марзӣ бо Ҳонконг мустақар кардааст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси ахбори мунташиршуда, вазъияти ҳоким бар фурӯдгоҳи Ҳонконг ба ҳолати оддӣ боз мегардад.
Трамп пеш аз интишор ин пости твиттерӣ, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон нисбат ба нооромиҳои ҳоким бар Ҳонконг вокуниш нишон дода ва гуфтааст: “ман умедворам, ки касе маҷрӯҳ нашуд. Умедворам касе кушта нашуд.”